Путин истифода аз силоҳи атомиро поёни ҷаҳон донист
https://parstoday.ir/tg/news/world-i6844
Раисҷумҳури Русия риояи низоми манъи густариши силоҳи ҳастаиро дар сатҳи ҷаҳон хостор шуда гуфт, истифода аз ҷангафзори атомӣ поёни бахши тамаддуни башар хоҳад буд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 29, 2016 10:24 Asia/Dushanbe
  • Путин истифода аз силоҳи атомиро поёни ҷаҳон донист

Раисҷумҳури Русия риояи низоми манъи густариши силоҳи ҳастаиро дар сатҳи ҷаҳон хостор шуда гуфт, истифода аз ҷангафзори атомӣ поёни бахши тамаддуни башар хоҳад буд.

Ба гузориши ИРНА, дафтари матбуотии Кремл рӯзи ҷумъа ба нақл аз Владимир Путин эълом кард, қудратнамоии ҳастаӣ ғайриқобили қабул аст ва чунин рӯйкарде охирин гузинаи мумкин аст, ки метавон анҷом дод. Путин дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, бо ин ҳол, бояд ба воқеиятҳо ҳам таваҷҷуҳ кард, ки силоҳи атомӣ омили боздоранда ва таъминкунандаи сулҳу амният дар ҷаҳон шудааст. Раисҷумҳури Русия дар ҳамин ҳол ҳушдор дод, ки набояд силоҳи ҳастаиро ба унвони омили истифода дар ҷангҳои эҳтимолӣ дар назар гирифт, зеро истифодаи он ба маънои поёни мавҷудияти тамаддуни башар хоҳад буд. Путин таъкид кард, бархӯрди масъулонаи қудратҳои ҳастаӣ бисёр зарурӣ аст ва Маскав ба чунин рафтор сарфи назар аз ҳар гуна ихтилофи назар ё муноқишае пойбанд хоҳад буд.

Раисҷумҳури Русия ёдоварӣ кард, танҳо замоне ки Амрико аз қарордоди коҳиши таслиҳоти зиддимӯшакӣ бо Русия хориҷ шуд, Маскав такомули силоҳҳои зарбатии роҳбурдии худро пайгирӣ кард.