Сербия раванди пирӯзиҳои волейболи Эронро мутаваққиф кард
Тими миллии волейболи Эрон пас аз панҷ пирӯзии паёпай дар Лигаи миллатҳои волейболи 2021 муқобили Сербия шикаст хурд .
Ба гузориши ИРНА, тим(даста)и миллии волейболи Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳаштумин бозии худ дар Лигаи миллатҳои волейболи 2021 ба масофи Сербия(Сербистон) рафт ва бо натиҷаи се бар ду мағлуб шуд .
Сетҳои аввалу сеюми ин бозӣ бо имтиёзоти 25 бар 21 ва 28 бар 26 ба сӯди Эрони рақам хурд ва Сербия дар сетҳои дувум, чаҳорум ва панҷум бо имтиёзоти 25 бар 15, 25 бар 22 ва 15 бар 8 ба бартарӣ расид .
Владимир Алекно-сармураббии тими миллии волейболи Эрон дар ин бозӣ тими худро бо таркиби мутафовит аз мусобиқоти гузашта ба майдон фиристод .
Бо ин натиҷа Эрон пеш аз баргузории дигар мусобиқоти имрӯз бо 5 бурд ва 16 имтиёз дар макони панҷум боқӣ монд .
Тими миллии волейболи Эрон рӯзи ҷумъа дар нуҳумин давр аз ин мусобиқот ба масофи Олмон меравад .