Имзои нахустин санади ҳамкории дуҷонибаи Боку ва Ереван
Ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон пас аз имзои тавофуқномаи сеҷонибаи сулҳи Қарабоғ бо миёнҷигарии Русия, нахустин тавофуқномаи ҳамкории дуҷонибаро имзо карданд.
Бар асоси ин тавофуқнома, ҷумҳурии Озарбойҷон 15 асири низомии Арманистонро дар баробари дарёфти нақшаи манотиқи минагузорӣ шудаи шаҳристони Agdam ба даст овард. Ин мубодилаи асирон бо санади мактуб, ки нахустин тавофуқ миёни ду кишвари ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар беш аз шаш моҳи гузашта маҳсӯб мешавад, аз сӯи вазорати умури хориҷаи ҷумҳурии Озарбойҷон эълом шуд.
Озодии 15 асири Арманистон д ар баробари дарёфти як санади мактуби марбӯт ба маёдини минагузорӣ шуда, нишондиҳандаи авҷи беэътимодии тарафайни даргир аст. Дар ин иртибот метавон ба беэътимодии шадиди тарафи арманӣ ба тарафи озарӣ ишора кард. Тардиде нест, ки Арманистон илова бар мухолифат бо тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ бо миёнҷигарии Русия, дар заминаи ҳамкорӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷон низ бисёр шубҳанок ба назар мерасад.
Дар иртибот бо раванди ҳалли мусолиматомези муноқишаи Қарабоғ коршиносон мавозеъи мухталифе ироа кардаанд. Ба унвони мисол, Муҳсини Покойин, сафири собиқи Эрон дар ҷумҳурии Озарбойҷон ва як соҳибназари сиёсӣ муътақидаст: " то вақте, ки мавзӯи Қарабоғ ҳал нашавад, камокон шоҳиди танишҳо ва даргириҳо миёни тарафҳои озарӣ ва арманӣ хоҳем буд. Яъне бо вуҷӯди имзои тавофуқномаи сулҳ, танишҳои озарӣ - арманӣ боз ҳам оғоз хоҳад шуд ва ин захме аст, ки дубора сар боз мекунад".
Дар ин миён бояд гуфт, масъалаи асирони ҷангӣ ҳамвора яке аз мавзуоти муҳим дар равобити Арманистон бо ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб мешудааст. Ба ҳамин далел пеш аз ин, мақомҳои Арманистон зимни муроҷиа ба ниҳодҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҳар тариқе барои озодии асирони арманӣ иқдом карда буданд. Бо вуҷӯди ин, натавонистанд натиҷаи мавриди назари худро ба даст оваранд.
Дар муқобил, инфиҷори минаҳои коргузошта шуда дар Ағдам аз сӯи нерӯҳои Арманистон, талафоти инсонии ҷуброннопазире барои давлат ва мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон дар пай доштааст. Аз ҷумла ин ки дар рӯзи чаҳоруми моҳи ҷории милодӣ (июн), дар пайи инфиҷори мина дар минтақа Kalbajar дар шаҳристони Ағдам, ду рӯзноманигор ва як мақоми маҳаллии ҷумҳурии Озарбойҷон ҷони худро аз даст доданд. Ба ҳар ҳол, бояд гуфт, дар маҷмӯи низомиёни Арманистон 97 ҳазор минаи зидди танк ва зидди нафар дар шаҳристи Ағдам қарор дода буданд, ки барои пешравӣ ва истиқрори низомиён ва мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин шаҳристон мудом мушкилоте эҷод мекардааст.
Дар ҳамимн иртибот, ахиран "як намояндаи ҷанҷолӣ ва туркгаро дар Маҷлиси миллии ҷумҳурии Озарбойҷон пешниҳоди аҷибе матраҳ кардааст. Ба навиштаи рӯзномаи “Йени мусовот” чопи Боку, Фозил Мустафо Ғазанар Ӯғлу, намояндаи туркгарои ифротӣ дар Маҷлиси миллии ҷумҳурии Озарбойҷон дар вокуниш ба мухолифати Арманистон барои вогузории нақшаи маёдини мина гузорӣ шудаи Ағдам, пешниҳод карда буд: Давлати Илҳом Алиев гурӯҳҳои ғайриқонунии партизанӣ бо ҳадафи харобкорӣ ва минагузорӣ дар шаҳрҳои Арманистон ва манотиқи маҳали сукӯнати аромана дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ таъсис кунад.
Дар маҷмӯъ бояд гуфт, бо мубодилаи 15 асири арманӣ бо нақшаи маёдонҳои минагузори шудаи шаҳри Ағдам баназар мерасад, бахше аз мушкилоти марзии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ҳал шудааст. Дар ҳоле, ки чунин ба назар мерасад, дигар шаҳрҳои ҷумҳурии Озарбойҷон низ бо вазъияти мушобеҳе мувоҷеҳ бошанд.
Бештар бихонед:
- Кумакхоҳии Арманистон аз Русия барои аломатгузории марз бо ҷумҳурии Озарбойҷон
- Нишасти сеҷонибаи Маскав дар бораи Қарабоғ