Кремл : Барҷом қобили бозгашт ба шакли аввалия аст
(last modified Thu, 17 Jun 2021 14:44:57 GMT )
Июн 17, 2021 19:44 Asia/Dushanbe
  • Дмитрий Псков
    Дмитрий Псков

Сухангӯи Кремл бо ишора ба пардохтани раисони ҷумҳӯри Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба масаълаи Эрон дар нишасти Женева гуфт : Умед барои бозгардондани Барҷом ба шакли аввалияи он вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, Дмитрий Псков-сухангӯи кохи раёсати ҷумҳӯрии Русия ( Кремл ) рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи радиоии «Эхо Масква » тасреҳ кард : Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия ва Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯри Амрико дар нишасти рӯзи гузашта дар Женева дар хусӯси мавзӯи Барҷом бо якдигар гуфтугӯ карданд ва Маскав интизори бозгашти комили Иёлоти Муттаҳида ба тавофуқи ҳастаии Эронро дорад .
Псков дар хусӯси тафоҳумоту ихтилофоти Маскав ва Вашингтон дар хусӯси мавзӯи Барҷом гуфт : « Тарҳҳои хосе вуҷуд дорад . Масаълаи муҳим ин аст, ки Барҷом қобили бозгашт ба шакли аввалияи худ аст . Таҳарруку умед барои ислоҳи вазъияти феълӣ вуҷӯд дорад » .
Сухангӯи Кремл ҳамчунин ба дигар меҳварҳои гуфтугӯи Путин ва Байден аз ҷумла масаълаи Сурия ишора кард ва гуфт : Гуфтугӯи байни артиши Русияву Иёлоти Муттаҳида дар Сурия бисёр дорои аҳамият аст ва бояд аз он ҳимоят кард .
Доналд Трамп бо вуҷуди пойбандии Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба мафоди Барҷом ، 8 майи 2018 ( 18 урдибиҳиштмоҳи 1397 ) ба таври якҷониба Амрикоро аз Барҷом хориҷ ва дастури эҳёи таҳримҳои мутаваққифшуда алайҳи Эронро содир кард .
Мақомҳои давлати Ҷо Байден борҳо ба сароҳат ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ эътироф кардаанд, аммо то кунун иқдоми амалӣ барои бозгашт ба тавофуқи Барҷом анҷом надодаанд .



Бештар бихонед :