Июн 20, 2021 21:23 Asia/Dushanbe
  • Табрики нахуствазири Ҳинд ба раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон

Нахуствазири Ҳинд интихоби оқои Сайид Иброҳими Раисиро ба унвони раиси ҷумҳурии мунтахаби Ҷумҳурии исломии Эрон табрик гуфт.

Норандро Моди, нахуствазири Ҳинд имрӯз, якшанбе дар сафҳаи Твиттери худ бо табрики интихоби оқои Раисӣ ба унвони раиси ҷумҳурии мунтахаби Ҷумҳурии исломии Эрон навишт: Ман муштоқона мунтазири ҳамкорӣ бо Шумо ҳастам то равобити гарми байни Ҳинд ва Эронро тақвият кунам.

Пеш аз ин нахуствазири Покистон ва раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳам дар паёмҳои ҷудогона, интихоби Раисиро ба унвони раиси ҷумҳурии мунтахаби Эрон табрик гуфта буданд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Иброҳим Раисӣ, номзади сенздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботе, ки ҷумъаи гузашта дар саросари Эрон баргузор шуд, бо касби аксарияти оро ба унвони ҳаштумин раиси ҷумҳурии Эрон аз сӯйи мардум интихоб шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп