Июн 23, 2021 17:49 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон-нахуствазири Покистон
    Имрон Хон-нахуствазири Покистон

Имрон Хон-нахуствазири Покистон барои поёни ҷанг дар Афғонистон пешниҳоди ташкили ҳукумати эътилофиро дар ин кишвар додааст.

Имрон Хон гуфт: Бояд тафоҳуми сиёсӣ дар Афғонистон шакл гирад ва ҳукумати эътилофӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар ташкил шавад, ки Толибон дар он саҳм дошта бошад .
Раиси ҳизби ҳокими Покистон ( Таҳрики Инсоф ) афзуд бо ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон метавон умедвор буд, ки хушунату куштор дар ин кишвар поён хоҳад ёфт .
Имрон Хон бо ибрози нигаронӣ аз хатари дар гирифтани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон гуфт : Агар Толибон дар паи тасарруфи комили ин кишвар бошад, хунрезии боварнакарданӣ ба вуқуъ хоҳад пайваст.
Пешниҳоди ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон барои хотимаи ҷанг дар ин кишвар аз сӯи нахуствазири Покистон, тарҳи наве нест ва дар гузашта ин пешниҳод аз сӯи бархе мақомоти ин кишвар ва кишварҳои дигаре ҳам матраҳ шуда буд, ки бо истиқболи давлати Афғонистон рубару нашуд.
Он гуна, ки аз тарҳи пешниҳодӣ барои ташкили давлати эътилофӣ дар Афғонистон бардошт мешавад ин аст, ки дар чорчуби тавофуқномаи эҳтимолии сулҳ бахше аз қудрати сиёсӣ ва иҷроӣ дар ин кишвар дар ихтиёри Толибон қарор бигирад .
Тарҳи ташкили давлати эътилофӣ дар ҳоле дубора барои бурунрафти Афғонистон аз ҷангу хунрезӣ ва бунбаст дар музокироти сулҳ матраҳ шудааст, ки давлати ин кишвар бо чунин равияе барои истиқрори субот мухолиф аст ва онро бархилофи ду даҳа талош барои барқарории демокросй ва дифоъ аз ҷумҳурият медонад .
Давлати Афғонистони борҳо эълом карда мушорикати Толибон  дар арсаи қудрат танҳо аз масири баргузории интихобот ва овоздеҳӣ гузар мекунад .
Дар ин чорчуб ибтидо бояд Толибон оташбаси доимиро бо имзои тавофуқномаи сулҳ бо давлати Афғонистони бипазирад ва сипас барои он кӣ битавонанд дар арсаи ҳукумат фаъолият кунанд, бояд худро дар маърази интихоби мардуми ин кишвар қарор диҳанд.
Аз назари давлати Афғонистони чунончӣ қарор бошад Толибон бидуни ҷалби раъйи мардум дар фароянди интихобот вориди қудрат шавад ин масаъла бархилофи Қонуни Асосӣ ва хостаи мардум барои ҳифзи ҷумҳурият дар ин кишвар аст.
Муҳамад Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳӯрии Афғонистони борҳо эълом карда омодагӣ дорад дар раванди қонунии баргузории интихобот бо ҳадафи кумак ба барқарории сулҳи доимӣ дар ин кишвар аз қудрат канорагирӣ кунад ва бар асоси назари мардум  қудратро ба фарди пирӯз дар интихобот вогузор кунад .
Ин гумона вуҷуд дорад бо тавваҷуҳ ба нигариши башиддати манфии мардуми Афғонистон ба Толибон чунончӣ қарор бошад ин гурӯҳ бар асоси раъйи мардуми ин кишвар ба қудрат бирасад, ин иттифоқ тақрибан ғайримумкин аст.
Бар ҳамин асос аст, ки Толибон ҳамвора бо асли интихобот ва муроҷиа ба раъйи умумӣ дар Афғонистон мухолифат карда ва дар муқобил бар табли ташкили иморати исломӣ дар ин кишвар мекубад, то аз ин тариқ битавонад ҳамаи аркони қудратро дар ихтиёр бигирад.
Дар равиши мавриди назари Толибон барои барпоии иморати исломӣ дар Афғонистон ، мардум нақше дар ҳукумат ва ҳаққи таъини сарнавишт надоранд ва ҳамин масъала муҷиби шиддатёбии нигарониҳо дар бораи бозгашти эҳтимолии ҳукумати истибдодӣ ба ин кишвар дар сурати барпоии низоми иморати исломӣ шудааст .
Ба назар мерасад бо тавваҷуҳ ба посухи манфии эҳтимолии мардуми Афғонистон ба ҳар гуна ҳузури Толибон дар фароянди интихобот барои ҳузур дар қудрат, исрори ин гурӯҳ танҳо барқарории низоми иморати исломӣ дар ин кишвар хоҳад буд.

 

Барчасп