Июн 26, 2021 12:09 Asia/Dushanbe
  • Борис Ҷонсон: Мо пайвастани Қирим ба Русияро ба расмият намешиносем
    Борис Ҷонсон: Мо пайвастани Қирим ба Русияро ба расмият намешиносем

Сергей Риябоков-муовини вазири умӯри хориҷаи Русия рӯзи 24 июн дар хусӯси такрори вуруди ғайриқонунии киштиҳои НАТО ба обҳои ин кишвар ҳушдор дод. Вай гуфт : « Таъмини бехатарии марзҳои Русия амри ҳатмӣ аст ва ба ҳар тариқе чӣ дипломатӣ, чӣ сиёсӣ ва чӣ низомӣ аз онҳо ҳифозат мешавад » .

Ин дипломати рус афзуд: Британия бояд номи новшикани худ аз « Дефендер » ба маънии " мудофеъ " ба " муҳоҷим " тағйир диҳад ва « онҳое ки бихоҳанд қудрати моро имтиҳон кунанд, хатари бузургеро ба ҷон мехаранд » .
Дмитрий Псков-сухангӯи Кремл ва  Мария Захарова-сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Русия низ вуруди новшикан(киштии ҷанги)и HMS Defender ба обҳои Қиримро иқдоме аз пеш тарроҳишудаву таҳрикомез тавсиф карданд. Вазорати хориҷаи Русия рӯзи 24 июн бо эҳзори сафири Британия ҳушдор дод чунончӣ нерӯии дарёии ин кишвар ، бори дигар ба иқдомоти таҳрикомез дар обҳои фаросоҳилии Қирим даст бизанад, шиноварҳои Британияии мустақар дар баҳри Сиёҳро бомбаборон хоҳад кард. Дар муқобил маркази матбуотии вазорати дифои Британия дар баёнияе шиллеки ҳушдори як ҳавопаймои русӣ ба як киштии ҷангии худро пас аз нақзи обҳои сарзаминии Русия дар баҳри Сиёҳ такзиб ва иддиъо кард, ки киштии нерӯии баҳрии салтанатӣ мутобиқ бо қонунҳои байналмиллалӣ дар ҳоли гузари эмин аз обҳои сарзаминии Украина будааст.
Пеш аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе 23 июн як  қаиқи гашти соҳилии русӣ ба сӯи новшикани британиаии « Дефендер » ба далели нақзи ҳарими баҳрии Русия дар наздикии димоғаи « Фиолент » ( Capeи Feolent ) дар баҳри Сиёҳ тирандозӣ кард. Як ҳавопаймои шикории СУ-24 ам » и Русия низ ба ин новшикан ба сурати ҳушдоромез тирандозӣ ва масири ҳаракати онро бомбаборон кард .
Ин барои нахустин бор дар давраи пасоҷанги сард аст, ки бархурди чунин наздику хатарноке байни нерӯҳои баҳрии Русия ва яке аз аъзои муҳими НАТО, яъне Британия он ҳам дар обҳое, ки Русия мутаъаллиқ ба худ медонад, рух додааст. Нуктаи ҷолиб инки Лондон муддаӣ аст, ки иқдоми ғайриқонунӣ ва бархилофи ҳуқуқи байнаалмиллал сурат надодааст .
Борис Ҷонсон-нахуствазири Британия аз иқдоми новшикани ин кишвар, ки ҳарими баҳрии Русияро поймол карда буд, дифо кард . Вай муддаӣ шуд : « Фикр мекунам истифода аз обҳои байналмиллалӣ иқдоми комилан дуруст буд. Нуктаи муҳим ин аст, ки мо пайвастани Қирим ба Русияро ба расмият намешиносем, инҳо обҳои Украина будаву истифода аз он барои убур аз нуқтаи " А " ба нуқтаи " Б " комилан дуруст аст » .
Дар воқеъ нахуствазири Британия дар изҳороти худ ба ду масъала иқрор кардааст . Нахусти инки иқдоми киштии ҷангии Британия иқдоми комилан барқасдона ва таҳрикомез ва бо огоҳӣ аз вуруди он ба обҳои мутаъаллиқ ба Русия дар атрофи нимҷазираи Қирим ва бо ҳадафи инкор ва ба чолиш кашидани иддаои ҳокимияти Маскав бар ин минтақа аз ҷумла бар обҳои атрофи он сурат гирифтааст . Масъалаи дувум инки ин иқдом ба маънои радди иддаои Маскав дар бора Қирим ва Севастопол аз ҷониби Лондон ва дар ростои мавзеи ҳамоҳанги Ғарб дар бораи ба расмият нашинохтани ин амр аст, ки аз забони сарони аврупоӣ  Амрико борҳо такрор шудааст . Дар воқеъ ин иқдоми Лондон ба нишонаи тадовуми ҳимояти Ғарб аз иддаои Украина бар нимҷазираи Қирим ва Севастопол лузуми бозгардондани онҳо ба ҳокимияти Киев сурат гирифтааст .
Бархе таҳлилгарон ҳатто иддао кардаанд, ки иқдоми новшикани Британия дар воқеъ ба манзалаи тамрине дар ростои амалиёти низомии эҳтимолӣ аз ҷониби НАТО барои тасарруфи Қирим ва илҳоқи дубораи он ба Украина будааст . Бо ин ҳол таҳарруки киштии Британия дар обҳое, ки Русия мутаъаллиқ ба худ медонад, иқдоми фавқулъода хатарнок ва ба манзалаи ба чолиш кашидани азми Маскав барои дифо аз сарзамини мавриди иддаоии худ аст . Вокуниши баҳрӣ ва ҳавоии Русия, ки бо тирандозӣ ва партоби бомбаҳои ҳушдоромез ба киштии британиаӣ буда баёнгари он аст, ки Русия дар муқобила бо иқдомоти таҳрикомези НАТО ки дар моҳҳои ахир  башиддат бар ҳузури худ дар шарқи Аврупо аз ҷумла  баҳри Сиёҳ, баҳри Балтика ва кишварҳои муҷовири Русия афзуда комилан ҷиддӣ аст .
Ин масъала дар айни ҳол нишон медиҳад, ки то чӣ ҳад имкони даргирии низомӣ байни нерӯҳои русӣ ва ғарбӣ дар шарқи Аврупо ҷиддӣ шудааст .

 Муртазо Хонсорӣ-коршиноси равобити байналмиллал мегуяд : НАТО ва Русия медонанд, ки дар сурати бурузи ҷанги Аврупо монанди ду ҷанги ҷаҳонӣ нобудкунанда хоҳад буд . Бинобарин дар ҳар ду тараф иродаи набарди мустақим вуҷуд надорад ва ба ҷои он тактикаҳои кутоҳу миёнмуддати сиёсӣ ва низомии мади назар қарор мегирад .

Дар маҷмӯъ ин иқдоми киштии Британия комилан ҳисобшуда ва барқасдона буда ва нишондиҳандаи рӯйкарди НАТО дар ростои ташдиди фишорҳо алайҳи Русия аст . 



Бештар бихонед :


 

 

Барчасп