Октябр 31, 2016 13:48 Asia/Dushanbe
  • Зердарёиҳои Русия озими Сурия шуданд

Русия се зердарёии худро барои мушорикат дар амалиёти зиддитеррористӣ озими обҳои Сурия кардааст.

Рӯзномаи англисии Санди Таймс ба нақл аз яке аз мақомҳои аршади нерӯи дарёии Англис гузориш дод, зердарёии дизелӣ-электрикии Палтус ва ду зердарёии атомии Шука-б-и Русия барои мулҳақ шудан ба новгони каштиҳои ҷангии русии ҳозир дар савоҳили Сурия, ба сӯи ин кишвар ҳаракат кардаанд ва акнун дар дарёи мадитарона ҳастанд.

Бар асои ин гузориш, ин зердарёиҳо ба мушакҳои крузу мушакҳои болдори калибр муҷаҳҳаз ҳастанд .

Давлати Маскав нимаҳои октябр низ нови ҳавопаймобари Адмирал Кузнетсов ва чандин каштии ҷангии дигарро ба дарёи мадитарона эъзом карда‎‌ буд .

Мақомҳои рус мегӯянд, ҳадаф аз эъзоми ин новҳо ва зердарёиҳо ба обҳои Сурия, тақвияти қувои ин кишвар дар минтақаи Ховари Миёна аст .

Русия дар бандари Тартус дар ғарби Сурия як пойгоҳ дарёӣ дорад ва сомонаҳои мушакии С-300-ро дар ин пойгоҳ мустақар кардааст.