Июн 28, 2021 17:02 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳои нави коронаӣ дар Маскав

Ба дунболи афзоиши шумори беморон ва талафоти бемории корона дар пойтахти Русия, маҳдудиятҳои нави корона аз имрӯз, душанбе ба иҷро гузошта шуд.

Давлати маҳаллии Маскав дар бахшномае эълом кард, маҳдудиятҳои ҷадиди корона, ки аз имрӯз - душанбе ба иҷро даромадааст, ресторанҳо, ғизохуриҳо ва кафеҳоро шомил мешавад.

Аз имрӯз муштариён бояд қабл аз вуруд ба кафеҳо, ресторанҳо ва марокизи дармонӣ, мадраки ваксинатсияи Ковид - 19 ё гувоҳии манфӣ будани озмоиши коронаро нишон диҳанд.

Бар асоси ин бахшнома, афроде, ки дар шаш моҳи ахир ба корона мубтало шуда ва беҳбуд ёфтаанд, метавонанд коди вижаи электронӣ дарёфт кунанд.

Тибқи ин бахшнома, афроде ки ин шароитро доранд дар сомонаи вижаи Хадамоти давлатии Русия сабти ном мекунанд ва коди электронӣ, ки дарёфт мекунанд, дар гӯшии ҳамроҳи худ ба мутасаддиёни контроли муштарӣ дар ресторанҳо нишон медиҳанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп