Июн 30, 2021 11:49 Asia/Dushanbe
  • Амрико бузургтарин вайронгари назми ҷаҳонӣ

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин, Амрикоро бузургтарин вайронкунандаи назм ҷаҳонӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории Син Хуа, Ван Вэн Бин рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Пекин бо интиқод аз изҳороти ахири Энтони Блинкен, вазири умури хориҷаи Амрико, зидди Пекин гуфт, чин ҳамвора барқароркунандаи сулҳ дар ҷаҳон, кумаккунанда ба тавсеаи ҷаҳонӣ ва мудофеи низоми байналмилал буда дар ҳоле, ки Амрико бузургтарин вайронкунандаи назми ҷаҳонӣ аст.

Вай бо ишора ба инки Амрико танҳо ба дунболи хурӯҷ аз паймонҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аст ва ба таври худсарона таҳримҳои ғайриқонунии якҷониба зидди кишварҳо эъмол мекунад афзуд, Вашингтон бо дахолатҳои низомӣ ва таҳдид зидди соири кишварҳо ба сулҳу суботи байналмилалӣ ва ҳамчунин минтақа осеби ҷиддӣ ворид карда, қонуни байналмилал ва ҳанҷорҳои асосии ҳоким бар равобити байналмилалиро ба таври ҷиддӣ нақз кардааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Чин гуфт, иддаои Блинкен дар бораи назми байналмилал мубтанӣ бар қавонин ва меъёрҳо, лузуман як назми бартарӣ ҷӯёна аст то Амрико бар ҷаҳон тасаллут пайдо кунад.

Вай ҳамчунин таъкид кард, назми байналмилалӣ набояд як назми бартариҷӯёна аз тарафи Амрико бошад ва қавонини байналмилалӣ набояд тавассути ин кишвар ё як гурӯҳи кӯчак ба раҳбарии Вашингтон, танзим шуда бошад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар баёнияе эълом кард, Блинкен ва сарони кишварҳои Аврупо ахиран дар дидор бо якдигар, дар бораи ҳамкории Амрико ва Аврупо дар вокуниш ба таҳдиди иқтисодии Чин ва талошҳо дар ҷиҳати мухтал кардани назми байналмилалӣ мубтанӣ бар қавонин, табодули назар карданд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп