Июл 07, 2021 15:50 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти давлати Байден муддаианд, ки дар як қатор иқдомоти таҳримӣ унсурҳои стратегии навро лиҳоз кардаанд
    Мақомоти давлати Байден муддаианд, ки дар як қатор иқдомоти таҳримӣ унсурҳои стратегии навро лиҳоз кардаанд

Ба навиштаи рӯзномаи амрикои Уэлл стирит журнал, давлати Байден дар ҳоли тағйири шеваи истифодаи Амрико аз таҳримҳои танбеҳӣ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз фишорҳои густарда, мамониат аз хисорати иқтисодии баъдӣ ва иқдоми муштарак бо муттаҳидон ба ҷои як ҷониба гароӣ аст .

Яке  аз мақомоти огоҳи амрикоӣ дар ин замина гуфт:Давлати  Байден тақрибан баррасии ҷомеъу густардаи сиёсати таҳримҳои Амрикоро ба поён расонда ва пешбинӣ мешавад то охирҳои тобистон хабари он мунташир шавад. Ҳарчанд ҳануз ҷузъиёте аз ин мавзӯъ дар даст нест  мақомоти давлати Байден муддаианд, ки дар як бахш аз иқдомот  аз ҷумла таъдили барномарезишудаи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон  унсурҳои стратегии навро лиҳоз кардаанд.

Амрико ҳамвора аз таҳримҳо истифодаи абзорӣ карда ва дар ростои аҳдофи сиёсати хориҷии худ бештарин пешинаро дар эҷоди навъҳои гуногуни таҳримҳои якҷониба ба манзури ворид кардани фишор ва тазъифи дигар кишварҳо дорад . Ин таҳримҳо ба вижа ба баҳонаи мухолифат бо сиёсатҳо ва иқдомот и Вашингтон анҷом мешавад . Вашингтон ҳатто дар марҳалаи ҳассоси кунунӣ низ, ки ҳамагирии вируси корона вазъияти бадеро барои бисёре аз кишварҳо ба лиҳози иқтисодӣ ва беҳдоштӣ рақам зада боз ҳам бо шиддати ҳар чӣ тамомтар рӯйкарди таҳримии худро идома медиҳад . Амрико дар давраи Трамп илова бар эҷоди шадидтарин таҳримҳо дар тӯли торих алайҳи Эрон дар чорчуби корзори фишори ҳаддиаксарӣ  таҳримҳои якҷонибаи зиёде алайҳи кишварҳои монанди Русия, Чин, Венесуэла, Куба, Сурия ва Кореяи шимолӣ ҷорӣ кард . Ин иқдомот дар чорчӯби рӯйкарди якҷонибагароӣ сурат гирифт, ки ба вижа дар давраи зимомдории Доналд Трамп сарлавҳаи сиёсати хориҷии Амрико қарор дошт . Бо ин ҳол асарбахшии ин таҳримҳо ба вижа алайҳи Эрон комилан мавриди тардид қарор гирифт .

Крис Морфи ( Chrisи Morphy )-сенатори демократ мегуяд : Таҳримҳои давлати Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии собиқи Амрико алайҳи Эрон « ҳеч фоидае » барои Иёлоти Муттаҳида надошт .

Дар ин чорчуб Амрико ҳамчунин ба истифодаи абзорӣ аз доллар ба манзалаи арзи асосии байналмилалӣ ба манзури эҷоди фишор алайҳи дигари кишварҳо пардохтааст . Амрико борҳо аз вобастагии ширкатҳо ва бонкҳо ва системаи молии байналмилалӣ ба доллар ба унвони аҳруме барои водоштани дигар кишварҳо барои пайравӣ аз хостаҳои Вашингтон ва ё мамониат аз онҳо дар пайгирии сиёсатҳо ва иқдомоте, ки матлуби Амрико нест, сӯистифода кардааст . Ин масъала вокуниши мутақобили кишварҳои мухолиф ва ҳатто муттаҳидони аврупоии Вашингтонро ба дунбол дошта ва мӯҷиби шаклгирии тадриҷии ҳамфикрии ҷаҳонӣ дар бораи зарурати ҷилавгирӣ аз идомаи истифодаи абзории Амрико аз доллар дар ростои фишорҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва молӣ алайҳи дигар  кишварҳо ба вижаи кишварҳои мухолиф ва ё рақиби Вашингтон шудааст .

Аласдайр  Маклеод ( Alasdairи Macleod )- коршиноси молӣ мегуяд : Амрико аз доллар ба унвони як силоҳ истифода мекунад . Амрико медонад, ки низоми молии байналмилалӣ ҳануз ҷойгузине барои доллар надорад, бинобарин аз ин масаъла сӯиистифода мекунад .

Рӯйкарди таҳримии Амрико бо нокомиҳои бузурге рубару ва дар айни ҳол интиқодҳои зиёде аз онро дар сатҳи ҷаҳонӣ муҷиб шудааст . Акнун корзори ҷаҳонӣ ва ҳатто дар дохили Амрико барои водор кардани Амрико ба рафъи таҳримҳои золимона ва ғайриинсонӣ ва яктарафаи Амрико алайҳи дигар кишварҳо ба роҳ афтодааст . Аз ҷумла 26 кишвари ҷаҳон аз ҷумлаи Эрон, Сурия, Русия, Чин ва Ироқ дар октябри 2020 дар баёнияи муштараке бо эъломи инки таҳримҳои иқтисодии якҷониба ва золимонаи Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ алайҳи бархе кишварҳои мустақили ҷаҳон ба монеъи бузурге барои муқобила бо вируси корона табдил шудааст, хостори поён додан ба ин вазъият шуданд.

Дар айни ҳол сиёсати таҳримии Амрико ҳатто дар мавридҳои зиёде бо манофеъи муттаҳидони Вашингтон дар таззод қарор дорад, ки намунаи он исрори давлати Амрико бар идомаи таҳримҳо алайҳи хати лулаи газеи аст, ки қарор аст гази Русияро аз тариқи баҳри Балтика ба Олмон бирасонад . Ин масъала эътирози шадиди Олмон ба унвони шарики аслии ин пружуи газиро ба дунбол доштааст . Акнун давлати Байден, ки ба хубӣ аз паёмадҳои манфии сиёсати таҳримҳои якҷониба огоҳ аст, муддаии бознигарӣ дар ин замина аст; бо ин ҳол Байден на фақат сиёсатҳои таҳримии давлати Трампро коҳиш надода ,балки рӯйкарди таҳримӣ алайҳи Русия ва Чинро шиддат бахшидааст .

 

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп