Июл 08, 2021 20:00 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи Амрико ба нақши созандаи Эрон дар музокироти сулҳи Афғонистон

Амрико барои нахустин бор ба нақши созандаи Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар музокироти сулҳ ва ҳалли буҳрони Афғонистон иқрор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сухангӯии Вазорати хориҷаи Амрико дар нишасти хабарӣ гуфтамсоягони Афғонистон аз ҷумлаи Ҷумҳӯрии исломии Эрон дар барқарории сулҳи одилонаву пойдор дар ин кишвар нақши бисёр муҳиму таъинкунандае доранд ва ончи Эрон мехоҳад бо мизбонии чунин нишасте анҷом диҳад метавонад воқеан созанда бошад » .
Эдварду Присеи афзуд: Ҳамсоягони Афғонистон ва кишварҳои минтақа бояд аз ин нуфӯзи худ ба таври мусбату созанда барои поёни ҷанг ва азсаргирии раванди музокироти сулҳ истифода кунанд .
Сухангӯии раиси дастгоҳи дипломосии Амрико бидуни изҳори назари мустақим дар бораи мизбонии Теҳрон аз нишасти байнулафғонӣ, ки ҳамзамон бо бунбасти музокироти Қатар анҷом гирифтааст, тасреҳ кард: Ҳамфикрии минтақаӣ ва ҳимоят аз раванди сулҳ ба раҳбарӣ ва моликияти афғонҳо барои сулҳи пойдор муҳим аст .
Нишасти гуфтугуҳои байнулафғонӣ бо ҳузури намояндагони давлати Афғонистон ва ҳайати олии сиёсии Толибони дируз ( чаҳоршанбе ) ба мизбонии Эрон ва бо суханронии Муҳаммадҷаводи Зариф дар Теҳрон оғоз шуд .Ин дар ҳолест, ки Амрико худ бозигари ҷанги шикастхурдаи 20 солаи Афғонистон аст ва барои поёни ҷанг ва хушунати хунини Афғонистон ба роҳҳои гӯногӯне пойбанд шуда, ки ҳеч натиҷае надошта ва музокироте ки то кунун бо пешниҳоди Амрико миёни ҳайати Толибон ва намояндагони Афғонистон баргузор шуда бо шикаст мувоҷеҳ шудааст .



Бештар бихонед :

 

Барчасп