Июл 11, 2021 19:59 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Чин ба Вашингтон, Пекин: Таҳримҳои Амрикоро талофӣ хоҳем кард

Вазорати бозаргонии Чин бо таъкид бар дифоъ аз ҳуқуқу манофеи ин кишвар, ба Амрико ҳушдор дод, дар сурати адами лағви таҳримҳои эъмолшуда бар ширкатҳои чинӣ, иқдомоти талофиҷуёнаеро иттихоз хоҳад кард.

Вазорати бозаргонии Чин таи баёнияе имрӯз эълом кард, ки шадидан мухолифи иқдоми ахири Амрико мабнӣ бар афзудани номи беш аз 10 ширкати чинӣ ба листи сиёҳи таҳримҳои Вашингтон аст ва посухе муқтазӣ ба он хоҳад дод.

Дар ин баёния омадааст: Ин фишори бедалел ва ғайримунсифона алайҳи ширкатҳои чинӣ ва нақзи ҷаддии қавонини иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст ва Чин қотеона бо он мухолифат мекунад.

Вазорати бозаргонии Чин бо ишора ба инки аз Вашингтон хостааст, ки ин тасмимро лағв кунад, ҳушдор дод, ки дар сурати адами лағви ин тасмим, Пекин талофӣ хоҳад кард.

Ин вазоратхона эълом кард: Мо иқдомоти лозимро ҷиҳати дифои ҳамаҷониба аз ҳуқуқу манофеи машруамон анҷом хоҳем дод.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп