Идомаи заъфи ҳофизаи раиси ҷумҳӯрии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i72038-Идомаи_заъфи_ҳофизаи_раиси_ҷумҳӯрии_Амрико
Заъфи ҳофиза ва суханҳои берабти раиси ҷумҳӯрии Амрико дар ҳоле идома дорад, ки ӯ ин бор дар масири худ ба самти Кохи Сафед раҳгум задааст .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 12, 2021 19:13 Asia/Dushanbe
  • Идомаи заъфи ҳофизаи раиси ҷумҳӯрии Амрико

Заъфи ҳофиза ва суханҳои берабти раиси ҷумҳӯрии Амрико дар ҳоле идома дорад, ки ӯ ин бор дар масири худ ба самти Кохи Сафед раҳгум задааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷо Байден-раиси ҷумҳӯрии Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар ҳавлии Кохи Сафед раҳгум зада ва яке аз маъмурони махфии ӯ, масири дафтари корашро барояш нишон додааст .
Ин дар ҳоле аст ки идомаи дуруғҳо, заъфи ҳофиза, рафторҳои аҷибу ғарибу сардаргумиҳои пай дар паи раиси ҷумҳӯри Амрико дар моҳҳои гузашта борҳо мавриди тамасхури корбарони фазои маҷозӣ ва расонаҳои ғарбӣ қарор гирифтаву мунтақидонашро водошта дар саломати равону қобилиятҳои зеҳни ӯ тардид кунанд .
Филмҳои видеоӣ аз дуруғҳои лафзӣ ва иштибоҳоти Байден аз замони раёсати ҷумҳӯрӣ монанди фаромӯш кардани номи мақомҳои худ дар нишастҳо низ таъйиде бар нотавонии ҷисмонии Байден аст .
Раиси ҷумҳӯри Амрико ки ба ҳарзаҳои каломӣ маъруф аст, дар аввалин нишасти хабарии худ номи « Ашрафғанӣ »- ҳамтои афғонистонии худро ба иштибоҳ « Киёнӣ » гуфт . Ин иштибоҳи Байден ҳам монанди мавориди қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба суръат даст ба даст шуд ва мавриди тамасхури корбарони фазои маҷозӣ қарор гирифт .
Рафтору ошуфтагии ошкори Байден мӯҷиб шуда ки муҳофизакорони амрикоӣ мавзӯи нотавонии Байденро аз сари нав матраҳ кунанд.