Ноябр 03, 2016 19:58 Asia/Dushanbe
  • Ихтилоф дар мавриди назорат бар интихоботи Амрико

Давлати Амрико бо дархости Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон барои эъзоми бозрасон бар сари сандуқҳои раъйгирии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мухолифат кард.

Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед дар вокуниш ба дархости Трамп гуфт, давлати Амрико мухолифи эъзоми нозир аз сӯйи номзади ҷумҳурихоҳон ба шуъбаҳои раъйгирӣ аст, зеро имкон дорад ин иқдом навъе тарси раъйдиҳандагон талаққӣ шавад.

Эрнест таъкид кард, масъулони маҳаллӣ, масъули баргузориву назорат бар интихобот ҳастанд.

Чанд рӯз монда ба баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико, мавзӯи шаффофияти интихобот ва эҳтимоли тақаллуб дар он ҳамчунон дағдағаи бахши зиёде аз раъйдиҳандагони ин кишвар ба шумор меояд. Албатта шавоҳиди муътабаре вуҷуд дорад, ки дар бисёре аз интихоботи Амрико, тахаллуф ё ҳатто тақаллуб рух додааст. Ба унвони мисол, гуфта мешавад чанд миллион амрикоии мурда дар интихобот ширкат кардаанд. Ё ин ки бархе аз раъйдиҳандагон орои худро дар ду ё чанд иёлат ба сандуқ андохтаанд. Ин дар ҳоле аст, ки ба каррот дида шудааст, маъмурони сабти ном, бо тавассул ба баҳонаҳои мухталиф, монеи сабти номи афрод шудаанд. Чунин иттифоқоте дар манотиқи фақирнишин, рангинпӯстнишин ва рустоӣ ба каррот гузориш шудааст. Ҳамчунин танаввуъ дар наҳваи раъйгирӣ ё истифода аз дастгоҳҳои электронӣ, баъзан ихтилолотеро дар раванди раъйгирӣ эҷод мекунад. Ҳатто дида шудааст, ишколот дар баргаҳои раъй ё дастгоҳҳои понҷ (сурохкун) муҷиби сардаргумии раъйдиҳандагони умдатан пир ё бесавод ва камсавод шудааст.

Дар интихоботе, ки фосилаи ду номзад зиёд бошад, бархе аз ин ишколоту ихтилолот сарнавиштсоз нахоҳад буд. Аммо дар интихоботи ҳассосе ҳамчун интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 ҳар як раъй метавонад сарнавишти интихоботро тағйир диҳад. Бо тавваҷуҳ ба чунин ҳассосияте, Трамп аз масъулони баргузории интихобот хостааст, ки нозиронеро барои назорат бар раванди иҷрои интихобот ва ҷилавгирӣ аз тақаллуби эҳтимолӣ ба шуъбаҳои раъйгирӣ эъзом кунанд. Вай борҳо муддаӣ шудааст, ки ташкилоти сиёсии пушти сари Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократ ба ҳар равише, аз ҷумла тақаллуб мутавассил хоҳад шуд то дар интихоботи ҳаштуми ноябр ба пирӯзӣ бирасад. Албатта давлати Амрико ва ҳомиёни Клинтон муддаӣ ҳастанд, ки ба далели системаи ғайримутамаркизи раъйгирӣ дар иёлатҳои ин кишвар, имкони тақаллуби систематикӣ бо ҳадафи пирӯзии номзади Ҳизби демократ вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, ин мавозеъ то кунун Трамп ва ҳомиёнашро қонеъ накардааст. Ҳамчунин бархе назарсанҷиҳо нишон медиҳад, бахши бузурге аз ҷомеаи Амрико дар мавриди шаффофияти интихобот тардидҳои ҷиддӣ доранд. Онон ба унвони мисол, ба интихоботи муноқишабарангези соли 2000 ишора мекунанд, ки мақомоти масъули баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар иёлати Флорида дар шумориши раъй дучори хатоҳои бузурге шуданд ва дар ниҳоят Ҷорҷ Буш бо раъйи Девони олии федерали Амрико, мабнӣ бар таваққуфи бозшумории оро, бар курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар нишаст.

Аз он ҷое ки дар интихоботи соли ҷорӣ ҳар ду тарафи рақобат аз ҳеч василае барои пирӯзӣ дар интихобот фурӯгузор накардаанд, то ҷое ки ғайриахлоқитарин мавзӯотро ба миён кашиданд, эҳтимоли бурузи тақаллубҳои густарда вуҷуд дорад. Ҳатто агар ҳам чунин иттифоқе дар амал рух надиҳад, тардиде нахоҳад буд, ки ба эътимоди умумӣ дар мавриди шаффофияти интихобот дар Амрико латмаи сангине ворид шудааст. Ин мавзӯъ замоне метавонад беш аз ин дардисарсоз шавад, ки Трамп бохти эҳтимолии худ дар интихоботро напазирад. Ҳамон гуна, ки аз ҳамакнун бар ин мавзъе таъкид кардааст. Дар ин сурат, барандаи интихобот, яъне Ҳиллари Клинтон бо алоими фарқкунандаи тақаллуб дар интихобот, бар курсии раёсати ҷумҳурии Амрико хоҳад нишаст.