Хашму интиқоди мардуми Афғонистон аз Амрико
(last modified Tue, 24 Aug 2021 08:04:15 GMT )
Август 24, 2021 13:04 Asia/Dushanbe

Амрико дар ҳоле пас аз ду даҳа аз Афғонистон хориҷ мешавад, ки акнун мардуми Афғонистон ба хотири фаҷоеъи Амрико дар ин кишвар ва фурсати аз даст рафта, аз Вашингтон интиқод мекунанд .

Ба гузориши хабарнигори бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо аз Кобул, Амрико бист сол қабл ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба Афғонистон ҳамла ва давлати Толибонро соқит кард, аммо акнун замоне аз ин кишвар фирор мекунад, ки Толибон тақрибан ҳамаи нуқоти Афғонистонро дар ихтиёр гирифтаанд.

Толибон фақат натавонистаанд бар дараи Панҷшер мусаллат шаванд ва ҳамакнун нерӯҳои мардумӣ дар дараи Панҷшер ба фармондеҳии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд ва сарони Толибон барои расидан ба як роҳи ҳал дар ҳоли гуфтугӯ ҳастанд.

 

Бештар бихонед: