Август 26, 2021 12:03 Asia/Dushanbe
  • 4 баробар шудани мизони ибтилои кудакони амрикоӣ ба корона

Мизони ибтилои кӯдакон ва навҷавонони амрикоӣ ба вируси корона дар як моҳи гузашта чаҳор баробар шудааст.

Шабакаи телевизионии СНН дар гузорише эълом кард, мавҷи ҷадиде аз ибтило ба бемории Ковид - 19 дар Амрико шакл гирифтааст. Гузориши ҷадиде дар ин замина мунташир шуда, ки бисёр нигаронкунанда аст.

Бар асоси ин гузориш, дар як ҳафтаи гузашта беш аз 180 ҳазор маврид аз ибтило ба Ковид 19 дар миёни кӯдакону навҷавонони амрикоӣ сабт шудааст. Ҳамин омор гуёи он аст, ки дар як моҳи гузашта, мизони ибтилои кӯдакону навҷавонони амрикоӣ ба ин вирус чаҳор баробар шудааст.

Шумори кӯдакону навҷавононе, ки бо алоими шадиди коронаӣ ба бемористонҳо муроҷиа мекунанд низ дар Амрико афзоиш доштааст. Гунаи ҷадиди вируси корона қобилияти сирояти бисёр бештаре дорад ва ба гуфтаи коршиносон, шояд ҳамин амр яке аз илали афзоиши мизони ибтилои кӯдакону навҷавонон ба Ковид 19 дар Амрико бошад.

Амрико бо 39 миллион мубтало ба Ковид – 19, ки аз ин теъдод низ дасткам 644 ҳазор нафар ҷон бохтаанд, ҳамчунон конӯни аслии шуюи ин вирус дар ҷаҳон шинохта мешавад.

 

Барчасп