Ҳушдори Маскав дар бораи вуруди новҳои Британия ба ҳарими дарёии Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i72708-Ҳушдори_Маскав_дар_бораи_вуруди_новҳои_Британия_ба_ҳарими_дарёии_Русия
Сафири Русия дар Лондон дар хусуси вуруди бидуни иттилои новҳои Британия ба обҳои Русия ҳушдор дод.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Август 27, 2021 16:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маскав дар бораи вуруди новҳои Британия ба ҳарими дарёии Русия

Сафири Русия дар Лондон дар хусуси вуруди бидуни иттилои новҳои Британия ба обҳои Русия ҳушдор дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Алахбория” –и Сурия, Андрей Колин, сафири Русия дар Лондон бо ишора ба ин ки ин нахустин бор нест, ки нови британияӣ вориди ҳарими дарёии Русия мешавад, ҳушдор дод: аз ин пас Лондон бо вокуниши шадидтари Маскав дар ин хусуси мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Колин дар идома, зимни муттаҳам кардани Лондон ба нақзи қавонини Русия тасреҳ кард: Бар хилофи иддаои давлати Британия, мавзӯъ убури сирф аз обҳои минтақаии Русия набудааст.

Пеш аз ин низ расонаҳои русӣ аз шиллики ҳушдори як фарванд размнов ва як фарванд ҳавопаймои шикории ҷангандаи ин кишвар ба сӯи нови британияӣ дар дарёи Сиёҳ хабар дода буданд.

Дар ин амалиёт размнови русӣ дар дарёи Сиёҳ бо ҳамкории ҷангандаи “Су – 24 М” монеъ аз нақзи ҳарими дарёии ин кишвар шуданд.

Ба дунболи иқдоми новшикан ва таҷовуз ба ҳарими дарёии Русия, сафири Британия дар Маскав ба вазорати хориҷаи Русия эҳзор шуд.