Август 29, 2021 09:55 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди таҳлилгари амрикоӣ аз 20 соли ишғолгарии Амрико дар Афғонистон

Як устоди донишгоҳ ва таҳлилгари амрикоӣ аз 20 соли ишғолгарии Амрико дар Афғонистон интиқод кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Макс Абрамс-устоди донишгоҳ ва таҳлилгари амрикоӣ зимни интиқод аз 20 соли ишғолгарии Амрико дар Афғонистон ба баҳонаи муқобила бо тероризм иддао кард: Ҷанги Амрико дар Афғонистон бо илтимоси Вашингтон аз гурӯҳи Толибон рӯ ба итмом аст .
Абрамс борҳо аз сиёсатҳои мудохилаҷӯёна ва ҷангталабонаи Амрико дар Сурия, Ироқ, Афғонистон ва дигар манотиқ интиқод кардааст.
Амрикову муттаҳидонаш пас аз бист сол ҳузури низомии шикастхурдаи худ дар ҳоле аз Афғонистони ақибнишинӣ мекунанд, ки ин лашкаркашӣ самарае ҷузъи густариши тероризм, ҷанг, хушунат, бесуботӣ ва ноамниву куштори даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар надоштааст .
Бисёре аз мақомоту мардуми Афғонистон вазъияти феълии ин кишварро бархоста аз сиёсатҳои шикастхурдаи Амрико дар Афғонистон медонанд .
Гурӯҳи Толибон рӯзи якшанбе-15 август вориди Кобул ( пойтахти Афғонистон ) шуд ва контроли идороти давлатӣ ва истгоҳҳои полисро, ки аз сӯи неруҳои ҳомии давлат раҳо шуда буданд, ба даст гирифт. Таҳлилгарон тасаллути Толибон бар Кобулро ба манзалаи хотимаи ишғолгарии 20 солаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ба баҳонаи бозсозии Афғонистон ба шакли матлуби ҷаҳони Ғарб медонанд .



Бештар бихонед :

 

Барчасп