Вокуниши Фаронса ба гузориши ҷадиди Ожонси атомӣ дар бораи Эрон
(last modified Thu, 09 Sep 2021 06:38:04 GMT )
Сентябр 09, 2021 11:38 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Фаронса ба гузориши ҷадиди Ожонси атомӣ дар бораи Эрон

Вазорати хориҷаи Фаронса бидуни тавваҷуҳ ба ваъдахиломии ин кишвар аз тааҳҳудоташ дар БарҶом, Эронро ба адами ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ муттаҳам кард.

Вазорати хориҷаи Фаронса дар ин бора иддао кард, ду гузориши мунташир шуда аз сӯи мудири кулли ожонс дар рӯзи сешанбе, бори дигар нишондиҳандаи ҳамкорӣ накардани ҷиддии Эрону Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст.

Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шомгоҳи сешанбе дар гузориши худ муддаӣ шуд, ки фаъолиятҳои ожонс дар Эрон ба таври ҷиддӣ тазъиф шудааст.

Рӯзномаи амрикоии "Wall Street Journal" низ хабар дод, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи сешанбе дар ду гузориши маҳрамона эълом карда, ки Эрон дастрасии бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба сайтҳои муртабити ҳастаиро масдуд кардааст.

Ожонс ва Эрон 26 августи 2020 тавофуқ карданд то ҳамкориҳои худро беш аз пеш тақвият карда ва эътимоди мутақобилро ба манзури тасҳили иҷрои комили мувофиқатномаи ҷомеъи тазминӣ ва протоколи илҳоқӣ ба он, ки аз 16 январи 2016 ба сӯрати муваққату довталабона тавассути Эрон дар ҳоли иҷро аст, иртиқо бахшанд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 23 феврали 2021 бархе иқдомоти довталабона таҳти БарҶом, аз ҷумла иҷрои протоколи илҳоқиро дар чорчӯби қонӯни "иқдоми роҳбурдӣ барои лағви таҳримҳо ва сиёнат аз ҳуқуқи миллати Эрон" мутаваққиф кардааст.

Эрон таъкид кардааст, дар сӯрати рафъи таҳримҳо ва фоидаи Эрон аз манофеъи БарҶом, омодаи бозгашт ба тааҳҳудоти БарҶом-ии худ аст.