Кохи Кремли Русия ҳадафи ҳамлаи ҳаккерҳои амрикоӣ
Манобеи русӣ эълом карданд, ҳаккерҳои амрикоӣ ба чандин сомонаи роёнаии таъсисоти муҳимми давлатии Русия, аз ҷумла Кохи Кремл нуфуз карданд.
Хабаргузории Новости, рӯзи шанбе гузориш кард, ҳаккерҳои амрикоӣ ба зерсохтҳои сомонаҳои роёнаии Русия нуфуз карданд.
Новости, афзун бар Кохи Кремл ба унвони яке аз аҳдофи амалиёти ҳаккерҳои амрикоӣ, расонаҳо, шабакаи тавзеъи барқ ва сомонаҳои иртиботи ҷамъеро низ ҳадафи ин нуфузи ҳаккерӣ эълом кардааст.
Авоили моҳи ҷорӣ пас аз таҳдиди Ҷо Байден -муовини раисиҷумҳури Амрико барои анҷоми ҳамлаи ҳаккерӣ, як гурӯҳ аз ҳаккерҳои амрикоӣ ба пойгоҳи вазорати умури хориҷаи Русия ҳамлаи интернитӣ кард.
Шабакаи дуввуми телевизиони давлатии Русия, дар вокуниш ба таҳдидоти Амрико эълом кард, ҳар гуна иқдом зидди Русия бидуни посух намемонад ва талоши Вашингтон барои тарсондани Маскав соддалавҳона ва ғайримасъулона аст.