Сентябр 14, 2021 13:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори Башор Асад ва Путин дар кохи Кремл

Раиси ҷумҳурии Сурия дар як сафари аз пеш эъломнашуда ба Маскав рафт ва бо раиси ҷумҳурии Русия дар кохи Кремл дидор кард.

Ба гузориши «Спутник», Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар ин дидор пирӯзии Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро табрик гуфт ва афзуд: «Натоиҷи ин интихобот нишон медиҳад, ки мардум ба Шумо эътимод доранд, бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти солҳои гузашта ва фоҷеаҳои солҳои гузашта, онҳо (мардуми Сурия) ҳанӯз раванди беҳбуд ва бозгашт ба як зиндагии оддиро бо Шумо муртабит медонанд».

Ба гузориши бархе манобеи расонаӣ, дидори Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ дар Маскав, рӯзи душанбе (дирӯз) анҷом шудааст.

Владимир Путин дар дидор бо Башор Асад дар бораи идомаи ҳузури гуруҳҳои террористӣ дар Сурия ва хатари терроризм дар ин кишвар суҳбат кард.

Раиси ҷумҳурии Русия гуфт: Талошҳои муштараки мо қаламрави аслӣ ва бахши аъзами сарзамини ҷумҳурии Сурияро озод кард ва акнун давлати Сурия ба раёсати Шумо 90 дарсад аз хоки ин кишварро таҳти контроли худ дорад.

Тибқи гузориши «Спутник», Владимир Путин бо Башор Асад дар бораи ҳузури ғайриқонунии неруҳои мусаллаҳи кишварҳои хориҷӣ дар Сурия ҳам суҳбат кард.

Бо вуҷуди шикасти бештари гурӯҳакҳои террористӣ дар Сурия, бархе аз манотиқ ҳанӯз таҳти контроли террористҳо ҳастанд ва таҳдиди террористӣ ҳамчунон аз он ҷо нашъат мегирад.

 

Барчасп