Гирдиҳамоии донишҷӯёни Афғонистон дар Чандегари Ҳиндустон барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i73648-Гирдиҳамоии_донишҷӯёни_Афғонистон_дар_Чандегари_Ҳиндустон_барои_ҳимоят_аз_ҳуқуқи_занон
Донишҷӯёни афғонистонӣ дар Чандегари Ҳинд барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон таҷаммуъ карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 15, 2021 12:27 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии донишҷӯёни Афғонистон дар Чандегари Ҳиндустон барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон

Донишҷӯёни афғонистонӣ дар Чандегари Ҳинд барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон таҷаммуъ карданд.

Донишҷӯёни Афғонистон дар шаҳри Чандегари Ҳинд барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон таҷаммуъ карданд.

Яке аз таҷаммуъкунандагон гуфт: Онон бо гирдиҳамоӣ ва фарёди худ қасд доранд аз занони Афғонистон, ки дар муқобили Толибон дар ҷодаҳои Кобул ҳадафи гулӯла қарор гирифтанд, ҳимоят кунанд.

Ӯ афзуд: Озодӣ, ҳуқуқ ва дастовардҳои занони Афғонистон бояд ҳифз шавад.

Ба гуфтаи ӯ, донишҷӯёни Афғонистон дар ин гирдиҳамоӣ дар Ҳинд таъкид карданд, ки насли ҷадиди занони афғон бовар доранд, ки Афғонистон дубора зинда хоҳад шуд ва нафас хоҳад кашид ва ин рӯзҳои сиёҳ гузаштанист.