Ноябр 06, 2016 17:25 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти густардаи нерӯҳои низомии Афғонистон алайҳи гурӯҳи Толибон

Вазорати дифои Афғонистон аз амалиёти ҳамоҳангии нерӯҳои амниятӣ ва низомии ин кишвар зидди гурӯҳи Толибон дар чанд устони ин кишвар хабар дод.

Дафтари матбуоти Вазорати дифои Афғонистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, дар амалиёти 24 соати гузаштаи нерӯҳои амниятӣ дар устонҳои Лугар, Нангарҳор, Лағмон, Хуст, Пактико, Қандаҳор, Урузгон, Бодғӣс, Фароҳ, Ғӯр, Форёб, Сарипул, Қундӯз, Парвон ва Ҳилманд 15 тан аз аъзои гурӯҳи Толибон кушта шуданд.

Дар ин амалиёт, ки бо пуштибонии нерӯи ҳавоии артиши Афғонистон анҷом шуд, ҳамчунин 20 тан аз аъзои Толибон захмӣ ва 9 нафари дигар низ боздошт шудаанд.

Дар ин баёния ба талафоту хисороти эҳтимолии нерӯҳои афғон ишорае нашудааст.

То кунун гурӯҳи Толибон дар бораи ин хабар вокунише нишон надодааст.

Дар ҳафтаҳои ахир артиши Афғонистон дар муқобила бо Толибон ба муваффақиятҳои муҳиме даст ёфтааст, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, мавқеияти ин гурӯҳро тазъиф мекунад.