Медведев: Иҷозаи баргашти террористҳоро ба Русия намедиҳем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i7429-Медведев_Иҷозаи_баргашти_террористҳоро_ба_Русия_намедиҳем
Нахуствазири Русия таъкид кард, кишвараш иҷоза намедиҳад, террористҳои узвшуда дар ДИИШ ба Русия баргарданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 07, 2016 06:37 Asia/Dushanbe
  • Медведев: Иҷозаи баргашти террористҳоро ба Русия намедиҳем

Нахуствазири Русия таъкид кард, кишвараш иҷоза намедиҳад, террористҳои узвшуда дар ДИИШ ба Русия баргарданд.

Ба иттилои Спутник, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия гуфт: Ҳазорон нафар аз мардуми Русия дар суфуфи ДИИШ дар Сурия машғули ҷанг ҳастанд, ки бозгашти ин афрод ба кишвар хатарнок аст ва мо иҷоза намедиҳем, террористҳо ба хоки Русия баргарданд.

Медведев тасреҳ кард, яке аз аҳдофи Русия дар Сурия ин аст, ки ҷилави баргашти ин афрод ба Русияро бигирад.

Нахуствазири Русия ҳадафи дуввуми кишварашро дар ҷанг бо террористҳои ДИИШ, кумак ба Сурия барои ҳалли мушкили дохилии ин кишвар баршумурд ва афзуд: Давлати Сурия аз мо дархост карда, ки дар ҳалли низомии масъала ҳамкорӣ кунем ва раисҷумҳури мо баунвони фармондеҳи кулли қуво тасмим гирифтааст, ки ин кумакро танҳо бо муҳосибаи манофеи миллии кишвар ироа намояд.

Медведев гуфт: Мушкили аслии эътилофи мубориза бо терроризм дар Сурия, тафкик нашудани мухолифони миёнарав ва террористҳо аз якдигар аст.