Нармиши Покистон дар баробари Ҳинд
(last modified Thu, 23 Sep 2021 11:55:26 GMT )
Сентябр 23, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳинду Покистон танишзудоӣ дар равобити худро оғоз кардаанд
    Ҳинду Покистон танишзудоӣ дар равобити худро оғоз кардаанд

Давлати Покистон пас аз се сол иҷоза дод, парвози ҳавопаймои ҳомили Нориндро Модӣ- нахуствазири Ҳинд аз осмони он кишвар гузар кунад .

Аз дидгоҳи нозирони сиёсии тасмими Покистон ба иҷоза додан барои убӯри ҳавопаймои ҳомили нахусти вазири ҳинд аз осмони он кишвар аз ҷаҳоти мухталиф муҳим аст. Аввал онки Модӣ озими Амрико буд ва қарор аст дар дидор бо Ҷо Байден-раиси ҷумҳурии Амрико таҳаввулот дар равобити дуҷониба ва масойили минтақаиро баррасӣ кунанд .
Бо тавваҷуҳ ба танишҳои ахир эҷодшуда дар равобити Амрикову Покистон ва дар ҳамон ҳол талоши Ҳинд барои ҳамкорӣ бо Амрико бахусӯс дар мавриди Афғонистон, нармиш дар мавзеи Покистон дар қиболи Ҳинд маънодор аст .

Дар ин замина Ҳасан Хон-коршиноси масойили сиёсӣ дар Покистон муътақидаст,ки Покистон барои пешбурди аҳдофу барномаҳояш ниёзманди танишзудоӣ бо Ҳинд аст, зеро дар шароити буҳрон бо ҳамсоягонаш наметавонад аҳдофи худро дар Афғонистон созмондеҳӣ кунад .

Ба эътиқоди вай бофти иҷтимоии Ҳинду Покистон ба гунае аст,ки ба суръат метавонанд ба самти сулҳу оромиш ҳаракат кунанд,ки таъсири матлубе бар Афғонистон ҳам хоҳад дошт .
Дувум онки Покистон то тасбити мавқеъияти гуруҳи Толибон дар Афғонистон дар талош барои ҳамроҳ кардан кишварҳои минтақа бо ин гуруҳ ва эҷоди итминон дар онҳо дар иртибот бо пайомадҳои тасаллути Толибон бар Афғонистон аст .
Бо тавваҷуҳ ба сармоягузориҳои сангини Ҳинд дар Афғонистони яке аз нигаронтарин кишварҳо дар мавриди ояндаи таҳаввулоти Афғонистон Ҳинд аст . Аз ин рӯ Исломобод умедвораст нармиш дар мавозеъи Покистон дар қиболи Ҳинд мунҷар ба машваратҳои ду тараф аз ҷумла дар мавриди Афғонистон шавад .
 Оиша Сиддиқа-коршиноси масойили сиёсӣ дар Покистон бар ин бовар аст Ҳинду Покистон ба таври пинҳонӣ танишзудоӣ дар равобити худро оғоз кардаанд, зеро Покистон ба унвони муттаҳиди Чин ва даргирии шадиди мушкилоти иқтисодӣ аз тавони лозим барои идомаи таниш бо ҳамсоягонаш аз ҷумлаи Ҳиндро надорад .
Сеюмин мавзӯи муртабит бо тасмими Покистон барои додани иҷоза ба ҳавопаймои ҳомили нахуствазири Ҳинд барои гузар аз осмони он кишвар,узвияти Исломобод ва Деҳлии нав дар Созмони ҳамкории Шанхай аст .
Яке аз вижагиҳое ки кишварҳои узви ҳар созмони байналмиллалӣ аз ҷумла Шанхай бояд дошта бошанд, масъулиятпазирӣ дар баробари масойили амниятии аъзо ва коҳиши ҳаддиаксарии танишҳо аст . Аз ин рӯ бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти Афғонистон ва узвияти доим ва комили Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай, Покистон бо ин тасмими худ кушидааст дар иртибот бо танишзудоӣ бо Ҳинд тубро ба замини ин кишвар биандозад ва сипас тамомии аъзоро барои ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ бо Толибон ташвиқ кунад.
Созмони ҳамкории Шанхай бо узвияти доими Эрон дар ҳоли табдил шудан ба як созмони байналмиллалӣ ва муассир аст ва Покистон бо вонамуд кардани кишвари масъулиятпазир дар паи он аст аз ҳамаи зарфиятҳои он барои пешбурди аҳдофу барномаҳои худ истифода кунад .
Дар ҳар ҳол равобити Ҳинду Покистон ба унвони ду ҳамсоя ва рақиби атомӣ ҳудуди ҳафт даҳа аст бо танишу буҳрон рӯбарӯ аст ва чандин бор низ вориди ҷанги тамомайёр шудаанд . Таниши Деҳлии нав ва Исломобод ҳамкорӣ дар ниҳодҳои минтақаӣ аз ҷумлаи Созмони ҳамкории ҷануби Осиё(СОРК)-ро низ мухтал кардааст .
Нигаронӣ ки дар мавриди таъсири танишҳои Ҳинду Покистон ба унвони ду узви доими Созмони ҳамкории Шанхай бар ин созмон низ вуҷуд дорад аз ин рӯ Покистон бо пешгом шудан дар нармиши равобит бо Ҳинд дар паи он аст ба ваъдаҳои худ дар иҷлоси ахири сарони Шанхай низ амал кунад. Имрон Хон-нахуствазири Покистон дар ин иҷлос барои таҳкими пояҳои сулҳу субот дар минтақа ва эътимодсозӣ қавли мусоидат дод . Бо ин ҳол бо тавваҷуҳ ба ихтилофоти амиқи Ҳинду Покистон аз ҷумла дар мавриди минтақаи Кашмир ва масъалаи тероризм бо мушкил метавон тасаввур кард тасмими Исломобод ба додани иҷоза ба ҳавопаймои ҳомили  нахуствазири Ҳинд ба мақсади Амрико таъсири таъинкунандае дар равобити Деҳлии нав ва Исломобод дошта бошад . Мавзӯӣ ки ҳалли он аз тавону қудрати давлати Покистон хориҷ аст ва боистӣ артиши ин кишвар бахусӯс Созмони ҷосусии он тасмимгирӣ кунад.



Бештар бихонед :