Сентябр 24, 2021 19:43 Asia/Dushanbe
  • Эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи маҷлиси Думаи Русия

Комиссияи марказии интихоботи Русия пас аз баррасии шикоёт ва ҷамъбандии гузориши нозирон, дақоиқе пеш натиҷаи расмӣ ва ниҳоии интихоботи маҷлиси Думаи ин кишварро эълом кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, хонум Элла Памфилова, раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия гуфт, бар асоси натоиҷи ниҳоӣ, ҳизби ҳокими “Русияи Воҳид” бо касби 49, 82 дарсади оро тавонист ниме аз курсиҳои Порлумонро ба худ ихтисос диҳад.

Элла Памфилова бо ишора ба вусули шикоёти зиёд ба Комиссияи марказии интихобот , ба вижа аз сӯйи ду ҳизби Коммунист ва Яблоко гуфт: Бо баррасии дақиқи шикоёт, тахаллуфи қобили мулоҳизае ба исбот нарасид ва бар ин асос панҷ ҳизби умда, аз ҷумла Ҳизби “Русияи Воҳид”, Ҳизби Коммунист, Ҳизби либерал – демократ, Ҳизби Яблоко ва Ҳизби Сабз дорои бештарин курсиҳои Порлумон хоҳанд буд.

Раиси Комиссияи марказии интихоботи Русия ҳизби “Русияи Воҳид” - ро дорои аксарияти қонуни асосӣ дар маҷлиси Думаи Русия унвон кард ва гуфт: ҳизби ҳокими “Русияи Воҳид” бо касби 49, 82 дарсади оро тавонист ниме аз курсиҳои Порлумонро ба худ ихтисос диҳад, ҳарчанд нисбат ба интихоботи соли 2016, ки каме беш аз 54 дарсади ороро касб карда буд, бо коҳиши ҳудуди чаҳоруним дарсадӣ мувоҷеҳ шуд.

Намояндагони Думаи Русия барои давраи панҷсола интихоб мешаванд.