Зарурати баррасии ҷиноятҳои Амрикову Англия дар Афғонистон
Вазорати дифои Англия бо интишори гузорише куштори ғайринизомиёнро аз сӯи неруҳои ишғолгари Амрико, созмони паймони Атлантикаи шимолӣ ( НАТО) ва неруҳои англисӣ дар Афғонистон таъйид кард .
Бар асоси ин гузориш 86 кӯдак ва беш аз 200 ғайринизомии афғон бар асари ҳамалоти неруҳои ишғолгар дар Афғонистон кушта шудаанд
Агар чи вазорати дифои Англия ба бозаи замонии интишори ин гузориш ишора накардааст, аммо гузоришҳое ки аз сӯии манобеи мустақил дар ду даҳаи ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрикову муттаҳидони он дар он кишвар мунташир кардаанд аз омори бисёр болои куштори ғайринизомиён аз сӯи низомиёни онҳо ҳикоят дорад .
Ҳадаф қарор додани иштибоҳии ғайринизомиён ба ҷои Толибон аз ҷумла дар маросими арусӣ ва ё иҷтимои мардум аз ҷумла дар Қундуз барои гирифтани оби ошомиданӣ аз сӯи неруҳои олмонӣ ба ҳамроҳи истифода аз силоҳҳову муҳимоти мамнӯъа аз мавориде ҳастанд, ки мӯҷиби куштори васиъи ғайринизомиён дар Афғонистон шудааст ва ё масдумиятҳои шадидеро бар ҷисму рӯҳи мардум бар ҷой гузоштаанд, ки бисёре аз мардуми осебдида то охири умр боистӣ дар шароити бисёр бади ҷисмонӣ ва руҳӣ ба зиндагии худ идома диҳанд.
Дар ин замина профессор Марк Ҳиралд-устоди донишгоҳ дар донишгоҳи Нию-Гемпшери Амрико дар арзёбӣ аз ҷиноёти кишвараш дар Афғонистон бар ин бовараст,ки бояд парвандае барои қурбониёни ғайринизомӣ дар ҳамалот ва бомбаборонҳои неруҳои Амрико дар Афғонистон гушуда шавад, зеро теъдоди қурбониён бисёр боло ва ваҳшатнок аст .
Ба гунае ки Роберт Близ аз низомиёни амрикоӣ иқрор кард ба танҳоӣ 16 афғонро дар ду рустое дар Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон, ки бештарашон зану кӯдак буданд, ба қатл расондааст .
Дар замони давлатҳои Ҳомид Карзай ва Муҳаммад Ашрафғанӣ-кумитаҳои ҳақиқатёби мухталифе барои исботи ҷиноёти неруҳои Амрико ва муттаҳидонаш дар Афғонистон ташкил шуд, ки пас аз исботи он неруҳои ишғолгар сирфан бо пардохти андаке пул ва ё узрхоҳии таҳқиромез аз масъала гузар карданд ва ҳаргиз кумитаи байналмиллалӣ барои баррасии ҷиноёти неруҳои Амрико, НАТО ва Англия дар Афғонистон ташкил нашуд .
Баридани ангуштон ва пора-пора кардани аҷсод дар Афғонистон аз ҷумлаи сарҳушиҳои неруҳои ишғолгари амрикоӣ ва англисӣ буд, ки пас аз интишори гӯшаҳое аз онҳо аз сӯи расонаҳои мустақил мавҷе аз нафратро дар миёни мардуми Афғонистон эҷод мекард.
Сайидҷаводи Ҳусайнӣ аз сиёсатмадорони барҷастаи афғонӣ зимни маҳкум кардани ҷиноёти неруҳои ишғолгар дар Афғонистон дар ду даҳаи гузашта хоҳони пайгарди қазоии ҷинояткорон шудааст .
Ба гуфта вай омадани Амрикову муттаҳидонаш бо ҷиноят ва рафтанашон ҳам бо ҷиноят ҳамроҳ буд .
- Ҳусайнӣ афзуд: Амрикоиҳо ба унвони ДИИШ ва Толибон хеле аз хонаводаҳои афғонро қатли ом карданд, ки бояд посухгӯ бошанд .
Дар ҳар ҳол интишори гузориши Вазорати дифои Англия дар мавриди куштаҳои ғайринизомиён дар Афғонистон навъе фирор ба пеш арзёбӣ мешавад, то зимни мазлӯмнамоӣ монеъ аз интишори ҳар гуна гузориши мустақил ва ё ниҳодҳои байналмиллалӣ дар мавриди ҷиноёти ишғолгарон дар ду даҳаи ахир дар Афғонистон шаванд, ки бидуни шубҳа оморҳои бисёр бештареро ироа хоҳанд кард .
Аз ин рӯ мардуми Афғонистон интизор доранд манобеи мустақил ва созмонҳои қазоии байналмиллалӣ бо таҳқиқоти комил зимни ошкор кардани умқи ҷиноёти неруҳои ишғолгар заминаи муҳокимаи онҳоро низ дар додгоҳҳои байналмиллалӣ фароҳам кунанд .
Бештар бихонед :
- Интиқоди таҳлилгари амрикоӣ аз 20 соли ишғолгарии Амрико дар Афғонистон
-
Гузориши вижа : Афзоиши ихтилофоти Амрико бо муттаҳидонаш дар мавзӯи Афғонистон