Октябр 02, 2021 15:18 Asia/Dushanbe
  • Интишори натоиҷи як таҳқиқи ҷадид дар бораи исломҳаросӣ дар Амрико

Натоиҷи як таҳқиқ дар донишгоҳи Берклии Калифорния нишон медиҳад бахши умдаи мусулмонони ин кишвар ҳадди ақал як бор дар тӯли зиндагии худ қурбонии исломҳаросӣ шудаанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси натоиҷи таҳқиқоти анҷомшудаи донишгоҳи Беркли дар иёлати Калифорния 76 .7 дарсад аз занони мусулмони Амрико ва 58.6 дарсад аз мардони мусулмони Амрико ҳадди ақал як бор бо масаълаи исломҳаросӣ мувоҷеҳ шудаанд.
Илова бар ин  93 . 7 дарсад аз мусулмонони Амрико гуфтаанд ,ки иқдомоти ношӣ аз исломҳаросии алайҳи онҳо  бар саломати рӯҳӣ ва равонии онҳо таъсири манфӣ доштааст .
Аз миёни мусулмонони Амрико, ки дар ин таҳқиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд , 33 дарсад гуфтаанд барои ибрози ақоиди динии худ озодӣ надошта ва гоҳе маҷбур шудаанд ҳувияти мазҳабии худро махфӣ нигаҳ доранд .
Ҳудуди 45 дарсад аз мусулмонони Амрико, ки аз бими мувоҷиҳа бо исломҳаросӣ ва бозхурди манфии ҷомеъаи ҳувияти динии худро ошкор намекунанд, байни 18 то 29 сол син доранд .
Дар гузориши мунташиршуда аз ин таҳқиқ омадааст : Ин баррасӣ ду даҳа баъд аз ҳамалоти ёздаҳи сентябр рух додааст, ки ба афзоиши ҷароими ношӣ аз нафрат ва иттихози сиёсатҳое алайҳи мусулмонон аз сӯи давлат мунҷар шуд ва бениш дар хусӯси ин таҷрибиёт, воқеияти зиндагӣ ва таъсироти равоншинохтии исломҳаросӣ бар миллионҳо фарди сокини Амрикоро фароҳам мекунад .
Ҳазору саду бисту се амрикоии мусулмон дар ин таҳқиқ мушорикат доштаанд, ки тақрибани ниме аз ононро мардон ва ними дигарро занон ташкил додаанд .
Ба гуфта коршиносон  баррасиҳо нишон медиҳад дар бист соли гузашта ва дар паи вақойиъи ёздаҳи сентябр дар Амрико исломҳаросӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст. Назарсанҷии ҷадиди муассисаи Пию нишон медиҳад : 82 дарсади амрикоиҳо мегӯянд мусулмонон мавриди табъиз қарор мегиранд.



Бештар бихонед :

 

Барчасп