Алиев : Хостори барқарории равобит бо Арманистон ҳастем
(last modified Thu, 07 Oct 2021 08:56:00 GMT )
Октябр 07, 2021 13:56 Asia/Dushanbe
  • Алиев : Хостори барқарории равобит бо Арманистон ҳастем

Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон аз тамоюли Боку барои барқарории равобит бо Арманистон хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Анатолиялҳом Алиев-раиси ҷумҳурии Озарбойҷон бо таъкиди инки Боку мехоҳад сафҳаи тозае гушуда ва бо ҳамсояи худ Арманистон равобит барқарор кунад, гуфт: Омодаи шурӯи музокирот барои ақди паймони сулҳ  таъйини хати марзӣ ва гушоиши роҳҳои иртибототӣ ҳастем ва ин раванд то ҳадде оғоз шудааст .
Алиев дар дидор бо Питер Мичолко- намояндаи ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо дар Боку ҳамчунин дар суханони интиқодӣ бо ишора ба ҳамкории наздики ду тараф дар ҳавзаҳои мухталиф, гуфт : Тасаввур мекардем баъд аз давраи ҷанги Қарабоғ Иттиҳодияи Аврупо дар тавсеъаи роҳандозии сулҳи пойдор ва ҳамкорӣ саҳме бар уҳда бигирад.
Раиси ҷумҳурии Озарбойҷон дар идома муддаӣ шуд, ки ба таври куллӣ вазъият дар Қафқози ҷанубӣ мумкин аст ба паҳлуҳи комилани ҷадид, ки шабиҳи 30 соли гузашта набошад, тағйир шакл диҳад, ки метавонад омили муҳимме барои субот, пешбинипазирӣ ва сулҳ бошад.



Бештар бихонед :