Ноябр 08, 2016 12:11 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли ДИИШ бо ҳавопаймоҳои Амрико, Англия ва Исроил ба Афғонистон

Узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон гурӯҳи террористии ДИИШ-ро маҳсули сиёсатҳои минтақаии Амрико, Англия ва режими саҳюнистӣ донист.

Ба гузориши ИРНА, Убайдуллоҳ Борикзай, имрӯз душанбе дар нишасте дар Кобул гуфт, ки гурӯҳи такфирии ДИИШ бо ҳавопаймоҳои амрикоӣ, англис ва саҳюнистӣ ба Покистон ва аз он ҷо ба Афғонистон мунтақил мешаванд.

Ин узви Маҷлиси намояндагони Афғонистон афзуд, ки Амрико барои муқобила бо Русияву Чин террористҳоро дар Покистон омӯзиш медиҳад то дар муқобили Маскаву Пекин аз онон истифода кунад.

Вай Покистонро беҳтарин кишвар барои пиёда кардани тарҳи Амрико, Англия ва режими саҳюнистӣ хонд, ки макони хубе барои омӯзишу таҷҳизи террористҳо аст.

Убайдуллоҳ Борикзай ҳамчунин гузориши Созмони милалро дар бораи тазъифи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Афғонистон рад кард.

Созмони милал ахиран гузорише мунташир кард, ки нишон медиҳад, 45 ҳазор нафар аз гурӯҳҳои мухолифи зидди давлати Афғонистон, аз ҷумла ДИИШ дар ин кишвар ҳузур доранд ва 22 дарсади онон атбои хориҷӣ ҳастанд.