Такзиби хабари ҳамлаи ҳавоии Русия ба атрофи Димишқ
(last modified Tue, 08 Nov 2016 13:57:30 GMT )
Ноябр 08, 2016 18:57 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари ҳамлаи ҳавоии Русия ба атрофи Димишқ

Маскав гузориши расонаҳо дар бораи ҳамалоти ҳавоии Русия дар ҳумаи Димишқро такзиб кард.

Ба иттилои Спутник, Вазорати дифои Русия душанбе шаб гузориши бархе расонаҳоро дар бораи ҳамалоти нерӯҳои ҳавоии ин кишвар ба манотиқи Дума ва Ғута дар ҳумаи Димишқ такзиб кард.

Вазорати дифои Русия дар баёнияе таъкид кард, нерӯи ҳавоии ин кишвар дар торихи ҳафтуми ноябр ҳеч амалиёте дар ин ду минтақа анҷом надода ва иттилооти мунташиршуда дар расонаҳо дуруғ аст.

Бар асоси ин гузориш, хабаргузории Анатолияи Туркия рӯзи душанбе гузоришҳоеро дар бораи ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои Русия дар ҳумаи Димишқ мунташир карда буд.

Русия дар сентябри соли 2015 дар посух ба дархости Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия, амалиёти ҳавоӣ алайҳи мавозеи террористҳоро дар ин кишвар оғоз кард.