Омодагии Канада барои пазириши муҳоҷирони афғонистонӣ
Канада омодаи пазириши паноҳандагони афғонистонӣ аст.
Ба гузориши “Спутник”, давлати Канада омодаи пазириши 40 ҳазор паноҳҷӯ аз Афғонистон аст.
Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада ин матлабро дар сафҳаи Твиттери худ эълом кард.
Вай гуфт: Канада аз 40 ҳазор паноҳҷӯ истиқбол мекунад. Мо аз дигарон мехоҳем дар муҳоҷирати амни паноҳандагони афғонистонӣ фаъол бошанд.
Вазири муҳоҷирати Канада низ пеш аз ин гуфта буд, ки кишвараш омодаи пазириши 20000 паноҳанда аст. Мавзӯи муҳоҷирони афғонистонӣ барои бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла ҳамсоягони он баҳсбарангез аст. Бисёре аз кишварҳо тамоюле ба пазириши паноҳандагон надоранд.
Беш аз ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ ҳудуди як моҳ аст, ки дар марзи Беларус ва Полша маҳбус шудаанд.
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ гуфт: То кунун 22 ҳазор паноҳҷӯ ба кишварҳои узви ин иттиҳодия пазируфта шудаанд.
Вай афзуд, кишварҳо бояд иҷозаи вуруди 10 то 20 ҳазор паноҳандаи дигарро бидиҳанд. Дар ҳамин ҳол Сербия, Литва, Финландия, Иёлоти Муттаҳида ва бархе дигар аз кишварҳо барои пазириши паноҳандагон эъломи омодагӣ кардаанд.