Украина муддаии истиқрори силоҳҳои атомии Русия дар Қирим шуд
(last modified Sun, 17 Oct 2021 12:48:16 GMT )
Октябр 17, 2021 17:48 Asia/Dushanbe
  • Украина муддаии истиқрори силоҳҳои атомии Русия дар Қирим шуд

Бархе дипломатҳои украинӣ иддао карданд Русия шумори таҷҳизоти низомӣ бо қобилияти ҳамлу партоби силоҳи атомиро дар нимҷазираи Қирим мустақар кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи « Украин воир » ، дипломатҳои Украина дар Венаи муддаӣ шуданд  Русия омодаи истиқрори муҷаддади сомонаи мӯшаки болистики мутаҳаррики кӯтоҳбурди « Искандар -М » дар ин минтақа аст .Украина бо ҳимояти НАТО ва Амрико ҳамвора иддаоҳоеро алайҳи Рӯсия матраҳ мекунад . Ин кишвар дар ҳафтаҳои гузашта низ чандин размоиши бузург бо НАТО Амрико дар минтақа баргузор кард, ки вокуниши Русияро дар пай дошт .
Демитрий Медведев-ноиби раиси Шӯрои Амнияти Русия дар рӯзҳои гузашта бо интишори як ёддошт дар рӯзномаи « Коммерсант » ин кишвар  барқарории тамос ва гуфтугӯи Маскав бо давлати кунунии Украинро кори беҳуда хонд .
Баъд аз таҳаввулоти соли 2014 ва ҳамапурсии пайвастани Қрим ба Русия аз як сӯ даргириҳои артиш бо рустаборҳои ҳомии ҷудоӣ аз Украина дар манотиқи шарқӣ ва аз сӯи дигар равобити ду кишвари ҳамсоя муташанниҷ шуда ва танишҳо байни Маскав ва Киев ҳамчунон идома дорад .