Афзоиши 900 дарсадии таҳримҳои Вазорати хазонадории Амрико алайҳи дигар кишварҳо
(last modified Fri, 22 Oct 2021 11:57:04 GMT )
Октябр 22, 2021 16:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 900 дарсадии таҳримҳои Вазорати хазонадории Амрико алайҳи дигар кишварҳо

Нашрияи амрикоӣ дар гузорише зимни беасар донистани абзори таҳрим эълом кард, таҳримҳои Вазорати хазонадории Амрико тайи ду даҳа 933 дарсад афзоиш доштааст.

Ба гузориши «Ҳилл», Амрико тайи ду даҳаи гузашта таҳримҳоро алайҳи давлатҳо, афроду ниҳодҳое, ки онҳоро бозигарони бад медонистанд, афзоиш додааст. Дар ин миён Вазорати хазонадории Амрико беш аз ҳар ниҳоди дигаре таҳримҳои хориҷӣ алайҳи дигар кишварҳоро афзоиш додааст.

Вазорати хазонадории Амрико дар гузориши ҷадиде овардааст: «Пас аз ҳамалоти 11 сентябри 2001 таҳримҳои иқтисодиву молӣ аввалин абзор барои муқобила бо тифи васиъе аз таҳдидот алайҳи амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди Амрико буд. Ин абзор мубтанӣ бар қудрату эътимоди бисёр зиёд ба системаи молӣ ва пулии Амрикост».

Бар ин асос, таҳримҳое, ки Вазорати хазонадории Амрико дар 37 барномаи ҷудогона алайҳи афроду кишварҳо эъмол карда, аз 912 таҳрим дар соли 2000 бо афзоиши 933 дарсадӣ ба 9 ҳазору 421 таҳрим дар соли 2021 расидааст.

Ин таҳримҳо ҷудо аз таҳримҳое аст, ки тавассути соири бахшҳо монанди вазорати умури хориҷа, бозаргонӣ, амнияти дохилӣ ва додгустарӣ эъмол шудааст. Ҳамчунин ин аъдоду арқом шомили таҳримҳои чандмиллиятӣ монанди он чӣ алайҳи Эрон ва Кореяи Шимолӣ эъмол шуд, ки Вашингтон гоҳе дар Шӯрои амнияти Созмони Милал ё Иттиҳоди Аврупо эъмол мекунад, намешавад.

Вазорати хазонадории Амрико дар ҳоле ин оморро мунташир кардааст, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико пас аз рӯйи кор омадан ваъда дода буд, ки таҳрими иқтисодии соири кишварҳо ба унвони абзори сиёсати хориҷӣ маҳдуд хоҳад шуд.