Октябр 26, 2021 09:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар зарурати таъмини энержии пойдор барои рушди иқтисоди Эрон

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бар зарурати таъмини энержии пойдор барои рушди иқтисоди Эрон ва тавваҷуҳ ба адолати иҷтимоӣ ва ҳимоят аз қишрҳои осебпазир таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории «Эрон Пресс», ҷаласаи Ситоди ҳамоҳангии иқтисодии давлат якшанбешаб ба раёсати Сайид Иброҳими Раисӣ баргузор шуд.

 

Дар ин ҷаласа мавзӯи ҳимоят аз маҳрумон ва риояти адолати иҷтимоӣ дар заминаи тақсими энержӣ байни қишрҳои мухталифи мардум матраҳ ва пас аз баҳсу табодули назар муқаррар шуд, тими иқтисодии давлат ҷиҳатгириҳову барномаҳои пешниҳодии худро дар ин замина ироа диҳанд то ҳар чи зудтар дар бораи он тасмимгирӣ шавад.

 

Бештар бихонед: