Поёни садриаъзамии Ангела Меркел
Раиси ҷумҳурии Олмон ҳукми поёни давраи садриаъзамии Ангела Меркелро ба ӯ таҳвил дод.
Штейн Майер дар маросиме, ки дар кохи Белвю дар Берлин баргузор шуд, ибтидо ҳукми поёни давраи садриаъзамии Меркел ва сипас аҳкоми поёни кори аъзои кабинаи Олмонро тақдими онҳо кард.
Албатта ин ба он мафҳум нест, ки кабинаи Меркел дигар ҳеҷ масъулияте надорад.
Раиси ҷумҳурии Олмон бо судури баёнияе аз Ангела Меркел хост то замони ташкили кабинаи давлати ҷадиди Олмон, ба вазоифи худ ба унвони садри аъзам идома диҳад.
Бар асоси қонуни асосии Олмон, ихтиёроти садри аъзами федерал ва вузарои давлат дар рӯзи баргузории нишасти муассисони порлумон ба поён мерасад. Агар то ин лаҳза кабинаи ҷадид ташкил нашуда бошад, ки дақиқан вазъияти имрӯзи Олмон низ ба ҳамин гуна аст, давлати қаблӣ ба лиҳози ҳуқуқӣ аз кор барканор шуда, аммо бидуни ҳеҷ маҳдудияте ба вазоифи худ идома хоҳад дод.
Музокирот дар мавриди ташкили давлати эътилофии оянда ҳамакнун тавассути 3 ҳизби Сотсиал – демократ, Демократи озод ва Сабзҳо дар ҳоли анҷом аст. Эҳтимолан номи садри аъзами ҷадиди Олмон дар моҳи декабр эълом хоҳад шуд, ки дар ин сурат ихтиёроти давлати феълӣ ба таври комил гирифта хоҳад шуд.