Ноябр 02, 2021 13:50 Asia/Dushanbe
  • Корона дар Амрико - шумори қурбониён аз 767 ҳазор нафар фаротар рафт

Пойгоҳи иттилоърасонии «Worldometers» аз афзоиши шумори қурбониёни вируси корона дар Амрико ба беш аз 767 ҳазор нафар хабар дод.

Пойгоҳи иттилоърасонии «Ворлдметерз» бомдоди сешанбе эълом кард, шумори мубталоён ба вируси корона дар Амрико ба 46 миллиону 921 ҳазору 223 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 767 ҳазору 380 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Амрико дар ҳоли ҳозир дар садри кишварҳои ҷаҳон ҳам аз назари мизони шумори мубталоён ба вируси корона ва ҳам аз назари мизони маргумири ношӣ аз ин вирус қарор дорад.

Раиси Муассисаи миллии олержӣ ва бемориҳои уфунии Амрико ахиран хотирнишон кард, бо тавваҷуҳ ба густариши гунаи Делтаи вируси корона дар Амрико, шароити ин кишвар аз лиҳози ибтило ба корона дар ҳоли вахимтар шудан аст.

Ҳамакнун дар бархе аз иёлатҳои Амрико бемористонҳо бо камбуди неру ва тахт дар авҷи ҳамагирии вируси корона мувоҷеҳ ҳастанд.

Афзоиши теъдоди беморони мубтало ба корона дар Амрико ҳамзамон бо афзоиши маргумири ношӣ аз ин беморӣ, фишорҳо бар бемористонҳову кадри дармонӣ дар ин кишварро афзоиш додааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп