Ноябр 03, 2021 15:00 Asia/Dushanbe
  • Шайх Наим Қосим: Давлати Фаронса муборизи лубнониро озод кунад

Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба давлати Фаронса тавсия кард то Ҷорҷ Абдуллоҳ, муборизи лубнониро, ки дар зиндонҳои ин кишвар ба асорат гирифта шудааст ,озод ва ҳуқуқи вайро барқарор кунад.

Шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар дидор бо аъзои хонаводаи Ҷорҷ Абдуллоҳ изҳор кард, мавзӯи асорати ин муборизи лубнонӣ яке аз парвандаҳои муқовимати Лубнон аст, ки Ҳизбуллоҳ ба таври мустамар ба он иҳтимоми вижа дорад.

Наим Қосим бо таъкид ба ин ки давлати Фаронса бо озод накардани Ҷорҷ Абдуллоҳ ибтидоитарин қавонини ҳуқуқи башариро зери по гузоштааст, гуфт: Таслими маҳзи Амрико будан тавҷеҳе нест то Фаронса дар хоки худ асире бегуноҳро озод накунад.

Ҷорҷ Абдуллоҳ, муборизи лубнонӣ аз аҳолии шимоли Лубнон, ки бо ҳизби кумунисти Лубнон ва ҷабҳаи мардумӣ барои озодсозии Фаластин кор ва дар сафи ҷумбиши миллии Лубнони фаъолият мекард, Фаронса ӯро дар соли 1948 ба дархости Амрико боздошт ва зиндонӣ кардааст.

Давлати Фаронса бо вуҷуди ин ки додгоҳи ин кишвар бо шарти тарки хоки Фаронса ҳукми озодии вайро содир кардааст, аммо ҳамчунон ба дархости Амрико аз иҷрои ин ҳукм худдорӣ мекунад.

 

 

Барчасп