Дугонагиҳои Кохи Сафед, монеъи бозгашт ба БарҶом
"Кохи Сафед дархости музокира бо Эронро матраҳ мекунаду иддаои омодагии бозгашт ба БарҶом-ро дорад, вале ҳамзамон таҳримҳои ҷадид зидди афроду ширкатҳои эронӣ эъмол мекунад."
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, рӯзи сешанбе дар “Твиттер” бо баёни ин нукта афзуд; Теҳрон ба диққат рафтори мақомоти Амрикоро месанҷад.
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин навишт; 4+1 барои музокираи мубтанӣ бар риояти манофе ва ҳуқуқи мутақобил омода бошад. Амрико тарафе аст, ки БарҶом-ро нақз кардааст. Пас аз Трамп, Ҷо Байден, раисиҷумҳури кунӯнии Амрико бо изъон ба шикасти сиёсати фишори ҳиддиаксарии Амрико алайҳи Эрон гуфт, ки қасд дорад, Амрикоро ба БарҶом бозгардонанд, аммо Амрико токунӯн на танҳо иқдоме барои бозгашт ба ин тавофуқ анҷом надода, балки таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон барқарор кардааст.
Изҳороти вазири хориҷаи Эрон дар хусӯси БарҶом ва сиёсатҳои Амрико ва Аврупо ба чанд нуктаи муҳим ишора дорад, ки дар арзёбии мавонеъи бозгашт ба БарҶом аҳаммияти зиёде дорад.
Амирабдуллоҳиён ба ин нукта ишора мекунад, ки асосан Амрико тасмими ҷиддӣ барои бозгашт ба БарҶом-ро надорад ва бо рафторҳои ғайримантиқӣ ба дунболи муқассир ҷилва додани Эрону идомаи сиёсати таҳриму фишори сиёсӣ ва таҳдид кардани Эрон аст.
Баамалии Аврупо дар анҷоми тааҳҳудот дар БарҶом омили дигаре аст, ки Амрикоро ба идомаи равияҳои якҷонибагароёна тарғиб кардааст. Дар ҳоле, ки роҳи ҳали мантиқӣ барои берун овардани БарҶом аз бунбасте, ки Амрико бавуҷуд оварда, бозгашти беқайду шарт ба тааҳҳудот аст. Иҷрои тааҳҳудот дар БарҶом дар чорчӯби қатъномаи 2231 Шӯрои амният; қатъан мантиқитарин роҳ барои ҳифзи БарҶом аст. Зеро идомаи хатоҳои гузашта натиҷааш нобудии БарҶом ва зарар дидани ҳамаи тарафҳо хоҳад буд.
Ардашери Саноӣ, устоди донишгоҳ ва коршиноси масоили байналмилал, тағйири шароит дар муқоиса бо соли инъиқоди БарҶом, талоши Байден барои дастёбӣ ба иҷмоъ дар дохили Амрико ва коршиканиҳои минтақаиро аз муҳимтарин авомили тардиди Кохи Сафед дар бозгашт ба БарҶом медонад, аммо хотирнишон мекунад, ки мақомҳои Амрико дар зоҳир, мегӯянд, сиёсати фишори ҳаддиаксарии давлати Трамп алайҳи Эрон ба шикаст анҷомида ва равияи ҷадиди Амрико нест, вале дар мақоми амал намехоҳанд аз мазоёи сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эрон бебаҳра бошанд.
Нуктаи дигар дар нигоҳ ба чолишҳои БарҶом, адабиёти таҳдидомез Амрикост, ки ҳар азгоҳе чошнии мавзеъгириҳои ғайри мантиқии мақомҳои Кохи Сафед мешавад.
Тозатарин изҳорот дар ин бора изҳороти ахири Энтони Блинкен, вазири хориҷаи Амрикост, ки бо вокуниши Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон мувоҷеҳ шуд.
Хатибзода дар пайёме дар вокуниш ба изҳороти ахири Энтони Блинкен мабнӣ бар дунбол кардани дигар гузинаҳо дар қиболи Эрон, навишт: таҳдид, ҳаргиз алайҳи Эрон натиҷабахш набудааст.
Ҳамон гуна, ки Хатибзода ишора кардааст; «гузинаҳои» фарзии Иёлоти муттаҳида пеш аз ин дар минтақа озмуда шудаанд ва шикастҳои фоҷеъабори ҳосили аз он барои Амрико ва ифтизоҳи барҷомонда, ки дигарон бояд рафъ ва руҷӯъаш кунанд, барои ҳама машҳӯд аст.
Хатоҳои Амрико дар қиболи БарҶому исрор бар идомаи таҳримҳои ғайриқонӯнӣ алайҳи Эрои машҳӯд ва ғайри қобили инкор аст. Дар воқеъ Иёлоти муттаҳида омили аслии вазъияти кунӯнии БарҶом аст. Бози гашт ба БарҶом бо тавваҷуҳ ба беэътимодие, ки ба Амрико ва Аврупо эҷод шуда, албатта душвор аст, аммо муъодилаи печидае нест. Ҳамачиз ба тасмими Вашингтону Аврупо дар иҷрои тааҳҳудот бастагӣ дорад, ки бо тавваҷуҳ ба бадаҳдиҳои гузашта бояд мавриди ростиозмоиӣ қарор гирад.
Бештар бихонед: