Таҳлил : Мухолифати Арманистон бо сохти долони Зангезур
Аз замоне, ки муноқишаи Қарабоғи кӯҳистонӣ бо имзои тавофуқномаи даҳмоддаии сулҳи Қарабоғи кӯҳистонӣ ба поён расид,расонаҳои вобаста ба давлати Илҳом Алиев ва мақомҳои Боку бар сохти долон(каридор)и мавсӯм ба Зангезур таъкид кардаанд.
Бо вуҷуди он ки аз сохти ин масири иртиботӣ дар тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ сухане ба миён наёмадааст, мақомҳои Боку ҳамвора бар сохти ин масири иртиботӣ исрор доштаанд . Дар ҳоле ки сохти ин долони иртиботӣ на танҳо барои Ҷумҳурии Озарбойҷон нафъе надорад, балки метавонад бар танишҳои ин кишвар бо Арманистони биафзояд . Дар муқобил ба назар мерасад эҳдоси ин долон сарфан дар ҷиҳати ҷалби ризояти Туркия сурат мегирад . Тардиде нест, ки мақомҳои давлати Боку дар ростои хизмат ба Туркия ва қарор гирифтани пушти сиёсатҳои ин кишвар бар эҳдоси ин масири иртиботӣ исрор доранд .
Алорағми таъкиди мақомҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон мабни бар сохти долони мавсӯм ба Зангезур, мақомҳои давлати Арманистон мухолифати худро бо эҳдоси ин каридор эълом кардаанд .
Дар ҳамин иртибот Никол Пашинён-нахуствазири Арманистон гуфтааст : " Масъалаи каридори " Зангезур " на имрӯз ва на ҳеҷ вақти дигар баррасӣ нахоҳад шуд " .
Никол Пашинён бо ҳузур дар барномаи иртиботи зиндаи Фейсбук дар посух ба суолоти хабарнигорон ҳамчунин эълом кард : " Мо бо додани каридор ба Ҷумҳурии Озарбойҷон барои муттасил шудани ин кишвар ба Нахҷавон аз тариқи хоки Арманистон мухолиф ҳастем, дар муқобил бо рафъи монеъаҳо бар сари роҳҳои мувосилотии роҳи оҳанӣ ва ҷодаӣ дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ мувофиқем " .
Никол Пашинён ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба таҳдидҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон эҳтимоли аз саргирии ҷангро рад накард .
Бар асоси тавофуқномаи сулҳе, ки миёни сарони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнҷигарии Русия дар нимашаби нуҳуми моҳи ноябри соли 2020 милодӣ имзо шуд, контроли манотиқӣ дар минтақаи Қарабоғ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шудааст. Дар моҳи 9 тавофуқномаи даҳмоддаи сулҳи Қарабоғ бар рафъи бастагии масирҳои иртиботӣ таъкид шудааст .
Мақомҳои Арманистон бар иҷрои ин мода исрор доранд ва бар акси мақомҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон талош мекунанд бахше аз қаламрави Арманистонро ба манзури эҳдоси як каридори иртиботӣ аз Арманистон дар ихтиёр бигиранд.
Дар ҳақиқат бо вуҷуди ин мода дар матни тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ, мақомҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ростои манофеи Туркия дар паи азсаргирии ҷанг бо Арманистон ҳастанд. Ба ҳамин далел аст, ки мақомҳои давлати Туркия ҳамчунон аз ҳимоят аз тарафи озарӣ дар ҷанг бо тарафи арманӣ таъкид доранд. Ахиран низ вазири умӯри хориҷаи Туркия дар ин замина изҳори назарҳое кардааст, ки бо интиқодҳои маҳофили сиёсии минтақа мувоҷеҳ шудааст. Дар ҳамин росто шабакаҳои вобаста ба давлати Боку ба тарҳи таҳдидҳое алайҳи Арманистон рӯй овардаанд.
Ба унвони мисол шабакаи Азивежини Ҷумҳурии Озарбойҷон дар гузорише ба нақл аз коршиносон бо гароишҳои туркӣ таҳидид кардааст : " Дар сурате, ки давлати Ереван долони Зангезурро дар ихтиёри Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор надиҳад, Боку ҳам метавонад долони Лочинро бандад" .
Аз нигоҳи расонаҳои вобаста ба давлати Илҳом Алиев ин мавзӯ, ки Ҷумҳурӣ Озарбойҷон битавонад долони Лочинро бандад мавзӯе аст, ки Русияро вориди арса хоҳад кард . Дар воқеъ Русия метавонад ин мавзӯро баҳона кунад, ки таъмини маводи лозим барои неруҳои сулҳбони русӣ дар Қаробоғ аз тариқи Арманистон анҷом мешавад ва ба ҳамин иллат бояд долони Лочин боз бимонад . Дар муқобил Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонад ба Русия истифода аз фурудгоҳи Фиулӣ ва фурудгоҳҳоеро, ки дар Зангилон ва Лочин сохта хоҳанд шуд, пешниҳод кунад . Дар як ҷамъбандии куллӣ аз бурузи танишҳову даргириҳои феълӣ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бояд ба ин ҳақиқат эътироф кард, ки мақомҳои давлати Илҳоми Алиев ба рағми тақдими имтиёзҳои гуногун ба Туркия ҳамчунон дар паи додани имтиёзҳои ҷадид ба ин кишвар ҳастанд. Ба иборати дигар мақомҳои Боку ба манзури кумаку мусоидат бо Туркия ҳозир шудаанд, ҷанг бо Арманистонро аз сар бигиранд. Дар ҳоле ки дар ин замина мардуми мусулмони Ҷумҳурии Озарбойҷон дар шак шудаву дигар ҳозир нестанд давлати Илҳом Алиевро дар ҷанг бо Арманистон ёрӣ кунанд .
Бештар бихонед :
- Идомаи танишҳои марзӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон
- Мавозеъи Арманистон дар бораи иқдомоти таҳрикомези Ҷумҳурии Озарбойҷон