Ноябр 27, 2021 16:00 Asia/Dushanbe
  • Озмоиши муваффақиятомези воксани истиншоқии коронаии русӣ барои кӯдакон

Муассисаи вирусшиносии Гамалеи вобаста ба вазорати беҳдошти Русия эълом кард, воксани истиншоқии корона бар рӯи кӯдакон бо муваффақият озмоиш шуд.

Александр Гинтсбург, раиси Муассисаи вирусшиносии Гамалеи вобаста ба вазорати беҳдошти Русия рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо расонаҳои русӣ бо баёни инки ман ва коркунони ин муассиса низ воксани корона задаем, гуфт, кӯдакон аз ҷумла кӯдаки шашсола ҳам воксани бинии корона задаанд ва ҳеҷ пёмади манфӣ надошт.

Рӯзи гузашта низ расонаҳои русӣ эълом карданд, ки воксани истиншоқии корона сохти муассисаи Гамалеи, озмоиш шудааст ва ҳудӯди 93 дарсади масӯният эҷод кардааст.

Русия воксани Ковид - 19 барои навҷавонони байни 12 - 17 сол сабт кард.

Вай дар идома ба хабарнигорон гуфт, ки воксани ҷадиди “Спутник” вижаи навҷавонон, мумкин аст “Спутник М” номида шавад, ки аз “М”-и аз калима «молинки» гирифта шудааст.

“Спутник V” нахустин воксани русӣ барои Ковид 19 аст ва илова бар он Русия се воксани дигар барои корона сохтааст.

Бар асоси иттилооти сайти интерентии расмии ваксинатсияи корона аз ҷамъияти 146 миллионнафарии Русия, ҳудӯд 58 миллионнафар ду доз(воя)-и воксани коронаро зада ва ҳудӯди 60 миллион нафар ҳам як дози воксани коронаро дарёфт кардаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп