Се фарангикори эронӣ дар садри беҳтаринҳои ҷаҳон қарор гирифтанд
Майсами Дилхонӣ, Муҳаммадризо Гароӣ ва Алиакбари Юсуфӣ дар садри бартарин фарангикорон дар ҷаҳон дар вазнҳои 63,67 ва 130 килограм қарор гирифтанд.
Ба гузориши Иттиҳодияи ҷаҳонии куштӣ, дар соли 2021 ва барои таъини беҳтарин куштигири сол системаи маъмули рейтинги Иттиҳодияи ҷаҳонӣ дар назар гирифта шуд ва таъйни рейтинги беҳтарин варзишкори сол бар мабнои натоиҷи рӯйдодҳои зер ба ъамал омад, ки Майсами Дилхонӣ, қаҳрамони рақобатҳои ҷаҳонии Норвегия дар вазни 63 килограм, Муҳаммадризо Гароӣ, қаҳрамони олимпии Токио ва рақобатҳои ҷаҳонии Норвегия дар вазни 67 килограм ва Алиакбари Юсуфӣ, қаҳрамони рақобатҳои ҷаҳонии Норвегия дар вазни 130 килограм ба унвони нафароти аввали вазни худ шинохта шуданд.
Муҳаммадҳодӣ Сорӯӣ дорандаи медоли бурунзи Олимпии Токио ва тиллои ҷаҳонии Норвегия низ ба унвони нафари дувум вазни 97 килограм шинохта шуд.