Оғози мавҷи чаҳоруми корона дар Африқои Ҷанубӣ
Вазири беҳдошти Африқои Ҷанубӣ эълом кард, ин кишвар ба иллати густариши навъи ҷадиди корона вориди чаҳорумин мавҷи ибтило ба корона шудааст.
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, Ҷо Поҳло, вазири беҳдошти Африқои Ҷанубӣ рӯзи ҷумъа эълом кард, ин кишвар ба иллати густариши навъи ҷадиди коронаи мавсум ба Омикрон вориди мавҷи чаҳоруми ибтило ба корона шудааст, вале бемористонҳову марокизи дармонии он бо таҳдиду фишор мувоҷеҳ нестанд.
Вазири беҳдошти Африқои Ҷанубӣ гуфт, навъи ҷадиди корона аз миёни 9 вилояти ин кишвар дар 7 вилоят густариш пайдо кардааст.
Вазири беҳдошти Африқои Ҷанубӣ аз мардуми ин кишвар тақозо кард, ки ба таври комил ваксина шаванд, чун ваксинатсияи комил беҳтарин роҳкори муҳофизат дар баробари навъи ҷадиди мавсум ба Омикрон аст.
Навъи Омикрон гунаи ҷадиди корона аст, ки ба тозагӣ аз сӯи Африқои Ҷанубӣ ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гузориш шуд.
Гунаи ҷадиди корона дар ҳоле дар ҷануби Африқо густариш пайдо кардааст, ки танҳо ҳафт дарсад аз ҷамъияти як миллиарду 200 миллионии қораи Африқо ваксина шудаанд.
Қораи Африқо барои эминсозии 60 дарсади сокинонаш ва дастёбӣ ба сатҳе аз масуният дар баробари вируси корона ҳудуди 1. 5 миллиард доза ваксина ниёз дорад. Ин дар ҳоле аст, ки то кунун ин қора каме беш аз 400 миллион доза дарёфт кардааст.
Бештар бихонед: