Декабр 04, 2021 14:47 Asia/Dushanbe
  • Нахустин вокуниши СММ ба поёни даври аввали музокироти Эрон дар Вена

Сухангӯи дабири кулли Созмони милал хостори он шуд, ки ҳамаи тарафҳо талоши худ барои иҷрои дубора тавофуқи ҳастаиро ду чандон кунанд.

Stephen Dujarric, сухангӯи дабири кулли Созмони милал рӯзи ҷумъа пас аз поён ёфтани музокироти Эрон ва 1+4 , хостори он шуд, ки ҳамаи тарафҳо талоши худ барои иҷрои дубораи тавофуқи ҳастаиро ду чандон кунанд.

Вай дар нишасти худ бо хабарнигорон дар бораи музокироти Вена низ гуфт, мавзеи мо дар хусӯси БарҶом тағйир накардааст ва аз ҳамаи тарафҳо мехоҳем талошҳои худро барои иҷрои дубораи тавофуқи ҳастаӣ ду баробар кунанд.

Пеш аз ин, Энрике Мора, мовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо баъд аз нишасти муштараки Камиссиюни муштараки БарҶом дар рӯзи ҷумъа эълом кард, ки ҳайатҳои музокиракунанда рӯзҳои чаҳоршанбе ё панҷшанбеи ҳафтаи оянда барои идомаи музокирот ба Вена боз хоҳанд гашт.

Вай дар ин бораи афзуд, ройзаниҳо идома хоҳад дошт ва ҳамаи тарафҳо ба баррасии тамомии пешниҳодҳо хоҳанд пардохт.

Мора ҳамчунин гуфт, ки ройзаниҳои мусмири самариро бо ҳайати музокиракунандаи ҷадиди Эрон оғоз кардем.

Рӯзи ҷумъа охирин рӯз аз даври ҳафтуми музокироти Вена буд ва интизор меравад, ки ҳайатҳои музокиракунанда барои баррасии пешнависҳои ироа шуда аз сӯи Эрон, ба пойтахтҳои худ баргарданд.

Ҳайати эронӣ, ду санадро ба тарафайни муқобил ироа дода, ки аввалӣ марбӯт ба барчидани таҳримҳо ва санади дувум муртабит бо мавзуоти ҳастаӣ аст. Санади сеюме ҳам вуҷӯд дорад, ки ҳануз ироа нашуда ва дар он наҳваи итминон аз барчида шудани таҳримҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бештар бихонед:

Барчасп