Декабр 05, 2021 17:35 Asia/Dushanbe
  • Таъсири буҳрони хушксолӣ бар саноъати кишоварзии Амрико

Дар ҳоле, ки иёлати Калифорниёии Амрико дувумин соли хушксолиро пушти сар мегузорад, ин хушксолӣ таъсироти манфӣ бар саноъати кишоварзии ин иёлат доштааст.

Кишоварзони иёлати Калифорниёи  Амрико чоҳҳои зиёдеро барои муқобила бо хушксолии  кунунӣ мекананд.

Гуфта шудааст, ки кишоварзон ба се равиши маъмулан дарҳамтанида ба камбудиҳо вокуниш нишон медиҳанд; манъ кардани муваққати кишти бархе аз маҳсулот ё хурд кардани боғҳо ба далили камбуди об, кандани чоҳҳои нав барои баҳрабардорӣ аз суфраҳои зеризамини ру ба коҳиш ва хариди об аз дигарон вокуниши онҳо нисбат ба камбуди об аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ҳар се равиш таъсироти иқтисодии манфӣ дорад.

Ахиран Созмони милал низ ҳушдор дод, ки хушксолӣ як масаъалаи пинҳони байналмилалӣ аст, ки метавонад пас аз корона буҳрони баъдии ҷомеъаи байналмилалӣ бошад.

Иёлати Калифорниё дар байни солҳои 2010 то 2017 ҳам мутаҳамилли як давраи хушксолии бисёр дарозмудат шуд, ки дар натиҷаи он бемориҳо ташдид шуда ва миллиноҳо дарахт аз байн рафт.

Барчасп