Декабр 07, 2021 17:16 Asia/Dushanbe
  • Амрико ба дунболи қатъи дастрасии Русия ба шабакаи молии Свифт

Ба гуфтаи мақомоти Амрика, Кохи Сафед ба дунболи истифода аз гузинаҳои мухталифи таҳримӣ алайҳи Русия, аз ҷумла қатъи дастрасӣ ба шабакаи молии Свифт аст.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи "Спутник", ин мақомоти Амрико, ки номе аз онҳо бурда нашудааст, эълон карданд: Иқдомоти эҳтимолӣ шомили таҳрими шахсиятҳои наздик ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ширкатҳои энержӣ ва бонкҳои Русия, гузинаи ҳастаӣ ва қатъи дастрасии Русия ба шабакаҳои молии Свифт аст.

Кохи Сафед муддаӣ аст, ин таҳримҳо ҷиҳати мутаввақиф кардани Маскав дар робита бо иттиҳомоти ҳамла ба Украина аст.

Си Эн Эн низ дар бахше аз гузориши худ дар ин бора эълон кард: Ҳанӯз дар мавриди бастаи таҳримии Амрико алайҳи Русия дар сурати ҳамлаи Маскав ба Украина тасмимгирӣ нашудааст.

Бар асоси гузоришҳо, Кохи Сафед машғули музокира бо кишварҳои аврупоӣ дар хусуси иқдомоти танбеҳӣ алайҳи Русия аст.

Дар айни ҳол давлати Байден аз паёмадҳои эҳтимолии таҳримҳои сангини Маскав, ба вижа дар бахши энержӣ бим дорад.

Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ дар афзоиши қиматҳо ва камбуди захоири газ ба таъмини газ аз Русия муттакӣ ҳастанд.

Маскав ҳамчунин дуввумин содиркунандаи бузурги нафт ба Амрико дар соли 2021 шинохта шудааст.

Гуфта мешавад, Русия ҳамчунин  ба унвони яке аз бузургтарин таъминкунандаи сӯхти дизелӣ барои Амрико, дар контроли қимати сухт дар Амрико нақш дорад. 

Барчасп