Рябков: Ҳама хостори эҳёи БарҶом ҳастанд
(last modified Sat, 11 Dec 2021 10:53:24 GMT )
Декабр 11, 2021 15:53 Asia/Dushanbe
  • Рябков: Ҳама хостори эҳёи БарҶом ҳастанд

Муовини вазири хориҷаи Русия тасреҳ кард, ҳамаи тарафайни музокироти Вена ба эҳёи комили БарҶом алоқаманд ҳастанд.

Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Известия», чопи Маскав эълом кард, ки тамомии ширкаткунандагон дар нишасти Комиссиюни муштараки барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БарҶом) ба самти эҳёи комили тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ҳаракат мекунанд.

Бино бар изҳороти Рябков, ҳамаи кишварҳое, ки пас аз вақфаи фаннии бавуҷудомада дар ройзаниҳои марбӯт ба эҳёи БарҶом дар нишасти Комиссиюни муштараки таърихи 9 декабр дар Вена ва ҳамчунин тарафи амрикоӣ (ки бо тасмими давлати Доналд Трамп дар соли 2018 аз ин тавофуқнома хориҷ шуда буд), қасди бозгашт ба БарҶом-ро дошта ва дақиқан дар ҷараёни музокироти Вена рӯи ин масаъла мутамаркиз хоҳанд буд.

Ин мақоми рус тасреҳ кард, манбаи иродаи сиёсӣ аз тарафи мо қобил тавваҷӯҳ буда ва ман итминон дорам, ҳеч як аз тарафайни ройзаниҳои кунӯнӣ дар Вена алоқаманд нест, ки тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон фурӯпошида шавад.

Сергей Рябков ёдовар шуд, дар ҳоли ҳозир шароит печидатар аз қабл шуда, вале ин масаъла далеле барои таслим шудан нест. Зарурист, ки рӯи масоили марбӯт ба ҳамоҳангии иқдомоти ҳамаи тарафайни ширкаткунандагон дар музокироти Вена дар бораи эҳёи БарҶом кор шаваду тарафи рус, омодагӣ дорад то ба ин масаъла кумак кунад.

Ҳайати эронӣ дар даври қаблии музокирот, аввали декабр, ду санад шомили рафъи таҳримҳо ва иқдомоти ҳастаиро ба тарафҳои муқобил ироа карду тарафҳои аврупоии узви БарҶом барои машварат бо кишварҳои матбӯъ ва ба дархости Амрико ба пойтахтҳояшон муроҷиат карданд.

Ҳоло ҷаласоти коргурӯҳҳо мутаваққиф монад ва аз нуҳуми декабр баъд аз нишасти Комиссиюни муштараки БарҶом, тарафайни боз ҳам ба мизи музокира бозгаштаанд.

Бештар бихонед: