Декабр 18, 2021 16:51 Asia/Dushanbe

Дар ҳоле, ки гофҳо (иштибоҳҳо)-и пай дарпайи раисиҷумҳури Амрико ба дастмояи тамасхури расонаҳои ҷаҳон табдил шуда, ин бор низ Ҷо Байден тайи як суханронӣ, муовини худро раисиҷумҳур хитоб кард.

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико рӯзи гузашта дар ҷадидтарин суханронии худ, боз ҳам хато кард ва ба дастмояи тамасхури расонаҳои ҷаҳон табдил шуд.

Хабаргузории Спутник дар ин хусӯс гузориш кард, Байден дар суханронии худ Kamala Harris, муовинашро ба унвони раисиҷумҳури Амрико хитоб кард.

Ин хабаргузорӣ навишт, ки раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳида бо тавсифи нодурусти симмати муовинаш, боз ҳам хатои дигаре кард.

Ин иштибоҳи раисиҷумҳури Амрико дар ҳини суханронии рӯзи гузаштаи вай дар донишгоҳи давлатии Каролинаи Ҷанубӣ ба вуқуъ пайваст ва ӯ гуфт: «Қатъан, раисиҷумҳур Ҳаррис як хатмкардаи пурифтихори Ҳарвард аст».

Гузоришҳо нишон медиҳад, ки раисиҷумҳури Иёлоти муттаҳида бо вуҷуди он ки Ҳаррисро раисиҷумҳур хитоб кард, дар идома низ ин иштибоҳро ислоҳ накард.

Вебсайти амрикоии «Brit Bart» дар ин хусӯс гузориш кард, ки зоҳиран Байден ҳангоми маҳкӯм кардани эътирозот дар Шарлоттсвилл (Charlottesville), ки чаҳор соли пеш рух дода буд, ба иштибоҳ исми ин шаҳрро «Чорлстон» ва «Шорлот» хитоб кард ва сипас дар ниҳоят номи дурустин шаҳр ё ҳамон Шарлоттсвиллро баён кард.

 

Барчасп