Декабр 22, 2021 13:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори коршиноси CIA: Амрико ба сӯи кудато ва ҷанги дохилӣ меравад

Устоди улуми сиёсӣ ва мушовири Созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) ҳушдор дод, Иёлоти Муттаҳида бо суръати шигифтангезе ба сӯи бесуботӣ, ҷанги дохилӣ ва кудатои эҳтимолӣ пеш меравад.

Барбара Волтер, устоди донишгоҳи Калифорния дар гуфтугӯ бо шабакаи Си Эн Эн раванди фурӯпошии демократияи Амрико ва бесуботии сиёсӣ дар ин кишварро ба мизони шигифтангезе фаврӣ ва сареъ арзёбӣ кард.

Волтер бо ишора ба ҳамкорӣ бо ҳайати машваратии "коргурӯҳи бесуботии сиёсӣ", вобаста ба CIA, ки вазифаи назорат бар нишонаҳои ҷанги дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро бар уҳда дорад, афзуд: Бар асоси муқоисаҳои байналмилалӣ, низоми сиёсии Амрико дигар мардумсолорӣ ба маънии воқеии он ба шумор намеравад.

Мушовири созмони CIA тасаввури беайбу нуқс будани мардумсолории Амрикоро ғайривоқеъбинона донист ва гуфт, низоми мардумсолории Иёлоти Муттаҳида дар панҷ соли гузашта аз назари ҳамаи ҷанбаҳо уфт карда, ба вижа агар бо демократияи дигар кишварҳо муқоиса шавад.

Волтер, ки дар беш аз 30 сол даргириҳои сиёсиро баррасӣ карда, пеш аз ин низ бар асоси китоби тозааш ба номи "Чӣ гуна ҷангҳои дохилӣ оғоз мешаванд?" ба “Вашингтон пост” гуфта буд, эҳтимоли мувоҷеҳ шудани Амрико бо ҷанги дохилӣ бештар аз он чизе аст, ки мардуми ин кишвар тасаввур мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, таҳқиқоти ҷадид нишон медиҳад, ки беш аз панҷ миллион шаҳрванди бузургсол дар Амрико байни январи 2020 то апрели 2021 барои аввалин бор иқдом ба хариди силоҳ кардаанд. Оморе, ки тасреъ дар хариди силоҳ, ҳамзамон бо шикасти талошҳо барои маҳдудияти ҳамли силоҳ дар Амрикоро нишон медиҳад.

 

Барчасп